Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Аксарияти давлатҳои Африка бо истифодаи кӯмакҳои зикршуда вазъи иқтисодии мамлакатҳои худро беҳтар намуда, дар баробари баргардонидани қарзҳои хориҷӣ сармояи зиёдрую барои таъмини пешрафти соҳаҳои саноати коркард ва кишоварзӣ сафарбар карда, номгӯи молҳои содиротии худро зиёд карда тавонистанд.
Масалан, маҳсулоти асосии содиротии Бангладеш либос, Непал колин, Лаос мотосикл мебошад. Камбоҷа, Мянма ва Непал ҳамчунин аз туризми байнамилалӣ даромади зиёд ба даст меоранд. Афзоиши солонаи ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар ин гурӯҳи давлатҳо, агар 2,5%-ро ташкил намуда бошад, пас соли 1995 дар натиҷаи пешрафти иқтисодии Ботсвана ин нишондиҳанда 6,1%-ро ташкил намуд, ки он ба ҳар сари аҳолии ин давлат 5589 доллари ШМА-ро ташкил медод.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки аксарияти давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаи дунё аз комёбиҳои илмию техникии давлатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон тадриҷан баҳравар шуда, бо кӯмаки аҳли башар, созмонҳои байнамилалӣ роҳи зиндагиашонро ёфта, бо қадамҳои устувори худ ба асри XXI ворид мешаванд.
Аз тарафи дигар, ҷаҳони тараққикардаи капиталистӣ ҳам дарк намуд, ки бе истифодаи сарватҳои табиии ин минтақаи қафомонда, инчунин, равона намудани сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои хориҷӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва маданияти ин миллатҳо тамоми дунё таҳти хатари паҳн шудани ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, ба мисли вабо, вараҷа (малярия) ва ғайра қарор мегирад.
Ҳамин тариқ, давлатҳои сусттараққикардаи ҷаҳон низ бояд барои бартараф намудани қафомондагии иқтисодӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор