Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
охири асри XX аз ҳудуди давлатҳои Африкаи тропикӣ зиёда аз 15 млрд. доллари амрикой бо сабабҳои нотинҷии вазъи сиёсии ин мамлакатҳо ва даромади паст аз маблағгузорӣ хориҷ гардид. Бар замми ин давлатдорони Африкаи тропикӣ бо мақсади ҳарчи бештар бой шудан аз сармоягузорони хориҷӣ ва сармоядорони миллӣ маблағи зиёд талаб намуда, сармояи ҷамъшудаи худро барои пешрафти иқтисодӣ истифода набурда, дар бонкҳои давлатҳои Европа ва ШМА мегузоранд. Пеш гирифтани чунин сиёсат боиси сол аз сол паст шудани сатҳи зиндагии аҳолии давлатҳои Африкаи тропикӣ гардида истодааст. Имрӯзҳо зиёда аз 50%-и аҳолӣ дар сатҳи ҳадди ақал умр ба сар бурда, музди ночизи онҳо танҳо барои рӯзгузаронӣ мерасаду халос.
Созмони Милали Муттаҳид соли 1996 вазъи хатарноки иҷтимоии Африкаи субэкваториалиро ба назар гирифта, бо иштироки Фонди байналмилалии асъор, Бонки Байналмилалии таҷдиду рушд, Барномаи "Имконият додан барои инкишоф"-ро дар ҳаҷми 25 млрд. доллари амрикой тасдиқ намуд. Дар асоси истифодаи маблағҳои ҷудошуда дар Гана минтақаи озоди иқтисодиёт бунёд карда шуд, ки имрӯзҳо дар ҳудуди он корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳҳои дақиқи электронӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. Ҳукумати Гана чунин шароитро истифода бурда, дар асоси барномаи умумимиллӣ омӯзонидани компютерро дар мамлакат ба роҳ монд. Қисми дигари давлатҳои сусттараққикардаи Африка бинобар камсаводии аҳолӣ истифода бурда натавонистани таҷҳизоти ҳозиразамон роҳи туризми байналмилалиро пеш гирифтанд. Агар имрӯзҳо дар кулли қитъаи Африка аз туризм ҳамагӣ як фоизи даромади миллӣ ба даст оварда шавад, пас дар давлати Ботсвана, Лесото, Гана 4-5%, дар Гамбия 10%-и даромади миллӣ аз туризм ба даст меояд. Солҳои охири асри XX туризми байналмилалӣ дар Танзания, Замбия, Сенегал, Уганда (бинобар мароки зиёд зоҳир намудани европоиҳо ба табиати нотакрори ин минтақа, олами наботот ва ҳайвоноти он, ба ҳаёт ва фаъолияти африкоиҳо, расму оини онҳо) бо суръати хеле баланд тараққӣ меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор