Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар қитъаи Аврупо раванди ҳамгироӣ соли 1957 давлатҳои Белгия, Германия, Юнон, Дания, Ирландия, Испания, Италия, Люксембург, Нидерландия, Португалия, Британияи Кабир ва Фаронса Иттиҳоди Иқтисодии Аврупоро таъсис доданд.

Соли 1960 давлатҳои Австрия, Исландия, Лихтенштейн, Норвегия, Финляндия, Швейцария ва Шветсия Ассотсиатсияи Аврупоии Тиҷорати Озодро ташкил карданд.

Дар ҳудуди Аврупо баъд аз имзои созишномаи ҳамкории давлатҳои хурди Аврупо - Белгия, Нидерландия ва Люксембург Иттиҳоди Бенилюксро бунёд намуданд.

Соли 1960 Мексика, Бразилия, Аргентина, Чили, Венесуэла, Колумбия, Перу, Эквадор, Боливия ва дигар давлатҳои Америки Ҷанубӣ Ассотсиатсияи Ҳамгироии Америкаи Лотиниро таъсис доданд.

Дар қитъаи Америка низ ин ҷараён хеле босуръат авҷ мегирифт. Соли 1961 Гватемала, Гондурас, Коста-Рика, Никарагуа ва Салвадор Бозори Умумии Америкаи Марказиро бунёд намуданд.

Дар ҷараёни ҳамгироӣ давлатҳои бо ҳам наздик дар заминаи манфиати мутақобила аз як созмон баромада, кӯшиши бунёди созмонҳои минтақавиро менамуданд. Масалан, Боливия, Венесуэла, Колумбия, Перу, Чили ва Эквадор баъдтар аз Ассотсиатсияи Ҳамгироии Америкаи Лотинӣ баромада, дар асоси Созишномаи АНД Иттиҳодияи дохилиминтақавии худро бунёд намуданд.

Дар асоси муттаҳидшавӣ барои таъмини пешрафти иқтисодӣ соли 1974 Барбадос, Белиз, Доминика, Монтсеррат, Сент-Винсент ва Гренадин, Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Тринидад ва Тобаго, Ямайка Ҷомеаи Карибро таъсис доданд. Соли 1979 Гайана, Гренада ва соли 1983 Антигуа ва Барбуда, ҷазираҳои Багама низ ба ин созмон шомил шуданд.

Ин тамоюл давлатҳои Осиёи ҷанубу шарқ, Африкаи Ҷанубӣ ва арабҳоро низ фаро гирифт. Бруней-Доруссалом, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Таиланд ва Филиппин Ассотсиатсияи давлатҳои Ҷанубу Шарқии Осиё, Ботсвана, Лесото, Свазиленд ва Африкаи Ҷанубӣ Иттиҳоди гумрукии Африкаи Ҷанубӣ, Миср, Урдун, Яман, Ҷумҳурии

пешина
аз 785
навбатӣ