Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Либияи Араб, Мавритания ва Ҷумҳурии Сурияи Араб Бозори умумии давлатҳои арабро бунёд намуданд.
Австрия ва Зеландияи Нав бошанд, дар асоси созишномаҳои тиҷоратӣ оид ба таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ иқтисодиёти худро равнақ медоданд.
Дар амал татбиқ намудани чунин принцип дар асл кулли давлатҳои лагери сотсиалистиро аз бозори ҷаҳонӣ дур намуда, роҳҳои муносибатиҳои бевоситаи иқтисодиро бо давлатҳои капиталистӣ маҳдуд намуда буд. Вазъи бамиёномада роҳбарияти давлатҳои лагери сотсиалистиро водор намуд, ки барои вусъат додани иқтисодиёти мамлакатҳои худ сиёсати тараққиёти якҷояро бо роҳи истифодаи принципҳои кооператсияи байналмилалӣ ба нақша гирифта, бозори ҷаҳонии лагери сотсиалистиро бунёд намоянд. Барои иҷрои ин мақсад Шӯрои Ҳамкории Иқтисодии давлатҳои лагери сотсиалистӣ таъсис дода шуд, ки дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои равнақу ривоҷ ёфтани соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, мустаҳкам шудани муносибатҳои иқтисодии давлатҳо нақши бузургро бозидааст.
Бо вуҷуди муҳосираи иқтисодӣ солҳои 1950-70 соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷаҳон чунон босуръат тараққӣ мекарданд, ки мислашро олам надида буд. Дар баробари истифодаи кашфиётҳои илмию техникӣ ба пешрафти соҳаҳои истеҳсолоти ШМА музаффариятҳои баъдиҷангии Иттиҳоди Шӯравӣ низ сабаб шуда буд. Муборизаи иқтисодии байни ин ду давлат дар баробари ба ду қисм тақсим шудани бозори ҷаҳонӣ ва ворид намудани маҳдудиятҳои бешумор, ки садди роҳи ҳамкории иқтисодӣ шуда буданд, ба дарёфти комёбиҳои бузург дар соҳаҳои энергетика, электроника, истифодаи атом, саноати вазнин, кишоварзӣ мусоидат намуданд. Муборизаи ин ду сохтори ҷамъиятӣ (капитализм ва сотсиализм) тамоми масъалаҳои ҳаётии ин ду давлати азимро, ки куллан дар маҷмӯи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таҷассум меёфтанд, фаро гирифта буд. Ба ин масъалаҳо бештар Иттиҳоди Шӯравӣ майл дошт. Пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар асоси мусобиқаҳои сотсиалистии байнисоҳавӣ ба роҳ монда шуда буд. Комёбиҳои бисёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё