Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

12,3%-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли мошин яке аз соҳаҳои намоёнтарини Япония ба шумор меравад. Ҳар сол аз конвеерҳои корхонаҳои автомобилсозии он зиёда аз 11 млн. мошинҳои сабукрав, автобусҳо, мошинҳои боркаш берун меояд. Қисми зиёди онҳоро роботҳо васл мекунанд. Зиёда аз нисфи мошинҳои истеҳсоли Япония ба хориҷа содир карда мешаванд. Вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Япония номгӯи зиёди мошинҳои машҳури Япония имрӯзҳо дар бештари давлатҳои ҷаҳон васл (ҷамъ) карда мешаванд. Ҳиссаи кишоварзӣ дар МММ ҳамагӣ 2,2 фоизро ташкил менамояд. Бо мақсади пурра таъмин намудани аҳолии кишвари худ Япония имрӯзҳо қариб зиёда аз нисфи зироатҳои ғалладона ва хӯроки чорворо аз хориҷи кишвар ворид менамоянд. Аммо Япония дар саноати моҳидорӣ хеле пеш рафтааст. Ҳиссаи соҳаи моҳидории Япония 15 фоизи моҳидории ҷаҳонро ташкил дода, дар дунё бузургтарин истеҳсолкунандаи моҳӣ ба шумор меравад.

Имрӯзҳо дар Япония аз велосипед сар карда, то поезди дорои суръати фавқулодда, ки номи "Синкансен"-ро дорад, истифода мегарданд. Сар то сари Япония бо ҳалқаи роҳи оҳан фаро гирифта шудааст. Нақлиёти роҳи оҳани Япония бо суръати хеле баланд ҳаракат карда, масофаи 350 километрро дар як соат тай менамояд.
Суръати баланд шиори халқи Япония буда, ин шиор дар тамоми соҳаҳои ҳаётии мардуми он татбиқ мегардад. Бо дарназардошти ин нуктаи назар тамоми қаламрави Япония бо 27327 км роҳи оҳан, 1,1 млн. км роҳи автомобилгард пайваст шудааст, ки нисбат ба Франция ва Британияи Кабир дар якҷоягӣ 2 маротиба ва нисбат ба ШМА 4,5 маротиба зиёд мебошад. Ҳаҷми муомилоти Япония босуръат афзоиш ёфта, соли 1999 - 668,4 миллиардро ташкил намуда, ин кишварро дар ҷаҳон ба ҷои сеюм баровард. Дар содироти солонаи он 24,6% электроника, 23,5% таҷҳизоти ғайриэлектрикии механикӣ, 14,4% автомобил, 6% химикатҳо, 4,6% асбобҳои дақиқ, 3,8% маснуоти металлҳои сиёҳ, 2,2% киштиҳо, 2,1% маҳсулоти бофандагӣ ва 18,1%-ро маҳсулоти дигар ташкил менамоянд. Дар баробари содирот соли 1999 ба маблағи 280,5 млн. доллари ШМА аз давлатҳои дигар ба Япония молҳои гуногун ворид карда шудаанд. 21,7%-и ин маблағ

пешина
аз 785
навбатӣ