Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Япония дар тиҷорати байналмилалӣ ШМА мебошад. Ҳаҷми тиҷорати байни онҳо бо вуҷуди ихтилофоти мавҷуда сол аз сол меафзояд. Агар соли 1992 Япония ба ШМА ба маблағи 52 млрд. доллари амрикоӣ бор фиристонда бошад, пас соли 1999 ин маблағ зиёда аз се маротиба афзуд. Дар баробари афзудани тиҷорат дар иқтисодиёти ин ду давлат соҳае нест, ки онҳо барои ҳарчӣ бештар забт намудани бозорҳои ҷаҳон бо ҳам рақобат накунанд.
Солҳои охир дар натиҷаи ба рақобат тоб наовардани баъзе корхонаҳо ШМА мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ дар масъалаи таҷҳизоти электронӣ ва компютерӣ аз даст додааст.
Ҳукумати Япония барномаҳои босуръат амалишавандаи Европаро ба назар гирифта, дар даҳсолаҳои охир робитаҳои иқтисодии хориҷии худро бо тамоми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа вусъат бахшид. Агар тиҷорати хориҷии Япония бо Иттиҳоди Европа соли 1992 - 31 млрд. доллари амрикоиро ташкил медода бошад, пас ин маблағ соли 1999 сечанд зиёд шуд. Аз ин нуқтаи назар дар баробари афзудани тиҷорати Япония ҳаҷми умумии содироти Япония дар соли 1999 387,9 млрд. долларро ташкил дода бошад, пас зиёда аз 150,6 млрд. доллари он ба ШМА рост меояд.
Имрӯзҳо Япония баъд аз ШМА аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор дорад. Иқтидори иқтисодии Япония асосан дар заминаи саноатии он бунёд ёфтааст. Бо вуҷуди он ки иқтидори иқтисодии Япония аз ашёи хом ва сӯзишвории воридотӣ вобастагии зиёд дорад, он бо истифодаи таҷҳизоти замонавии электронӣ ва роботҳо ба дараҷаи хеле баланд инкишоф ёфтааст. Соли 1999 ҳаҷми умумии ММД Япония 4078,9 млрд. доллари ШМА-ро ташкил намуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 32230 доллар рост меояд. Соҳаҳои нав ва навтарини саноат, ки дар асоси технологияи пешқадамтарин ба истеҳсоли воситаҳои алоқа ва иттилоотӣ, маводи нав, биотехнология тараққӣ меёбанд, бунёд гардидаанд. Япония имрӯзҳо оид ба истеҳсоли киштиҳо, автомобил, тракторҳо, дастгоҳҳои коркарди металл, электроникаи рӯзгор ва роботҳо дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд. Ҳиссаи Япония дар истеҳсолоти ҷаҳонии телевизорҳои ранга 60%, пӯлод - 14,3%, нахҳои сунъӣ -

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор