Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон воситаҳои зиёдеро барои расонидани кӯмаки хайрия ва техникӣ дар ихтиёри кишвари мо вогузор намуд. Соли 1994 Агентии мазкурӣ ШМА қариб 30 млн. доллар ҷудо кард. Арзиши умумии кӯмакҳои хайрия ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидашуда 68 млн. долларро ташкил намуд.

19 июни соли 1996 дар Вашингтон байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои америкоии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омӯзиши забонҳо (АКСЕЛС) созишнома ба имзо расид, ки дар асоси он ба хонандагон, донишҷӯён ва мутахассисон аз Тоҷикистон имконият дода мешавад дар ШМА маълумоти худро такмил диҳанд. Ҳамин тариқ, ҳар сол мактаббачагон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар асоси барномаи Бредли дар мактабҳои ШМА як сол таҳсил мекунанд.

27 сентябри соли 1997 президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои иштирок дар Сессияи 52-уми Ассамблеяи Генералии СММ
ба шаҳри Ню-Йорки ШМА сафар кард. Аввалин мулоқоти
сарвари давлати тоҷикон 29 сентябр бо аъзои Шӯрои
муносибатҳои байналмилалии ШМА баргузор гардид. Дар рафти
мулоқот Э. Раҳмонов ба ҳозирон дар бораи таърихи навтарини
ҷумҳурӣ, вазъи имрӯзаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии
мамлакат, татбиқи пурраи иқтисоди бозорӣ ва натиҷаҳои мусбии
раванди сулҳи тоҷикон маълумот дод. Ӯ барои ҳалли вазифаҳои
дар пешистодаи бисёрсоҳавии иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид
намуд, ки Тоҷикистон ба дастгирии фаврӣ ва самараноки
давлатҳои хориҷа ва ҷалби сармояи хориҷӣ эҳтиёҷманд аст. Худи
ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов бо
роҳбарияти гурӯҳи бонкҳои машҳури ҷаҳон "КредитСвисс-Фост
Бастон Банк" вохӯрӣ намуда, барои дар ояндаи наздик пурра
бароҳмонии ҳамкории муфид омодагии дутарафаро изҳор
карданд. 1 октябри соли 1997 сарвари давлат аз Ню-Йорк ба
Вашингтон парвоз намуда, бо роҳбарияти созмонҳои
байналмилалии молиявӣ, бонкҳои машҳури Америка ва
вазоратхонаҳо вохӯриҳои муфид ва самарабахш гузаронид. Дар
рафти вохӯрӣ бо муовини вазири кишоварзии ШМА Ричард

пешина
аз 785
навбатӣ