Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
созишнома ҷиҳати кӯмак ба сармоягузории хусусии ШМА дар Тоҷикистон иборат буд. Дар ҷараёни ин сафар 25 июни соли 1992 Созишнома оид ба мусоидат ба сармоягузорони хусусии ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнияи Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи сармоягузории хусусии ШМА "ОПИК" ба имзо расид.
Таҳлили муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ШМА дар тӯли даҳ соли охир нишон дод, ки аз рӯзҳои аввали барқарорсозии муносибатҳо самтҳои афзалиятноки онҳо дар робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ инъикос мегардад. Созишномаҳои имзошудаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ШМА "Дар бораи мусоидат ба сармоягузорӣ" (25 июни с. 1992), "Дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА" (1 июли с. 1993) ва "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи расонидани кӯмак" (15 сентябри с.1993), "Дар бораи расонидани ғалла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ПЛ-418" тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Дар асоси Созишнома оид ба муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА августи соли 1994 аз ҷониби Конгресси ШМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон статуси кишвари мусоидати бештар дар савдо ҷиҳати ба ШМА ворид намудани мол дода шуд.
Дар ҳамин асос мувофиқи созишномаҳои имзошуда аз октябри соли 1993 аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ҳазор тонна ғалла ворид гардид. Сентябри соли 1994 дар асоси Барномаи "Озуқаворӣ баҳри пешрафт" барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани 35 ҳазор тонна ғалла ба маблағи 10 млн. доллар созишномаи нав ба имзо расид. Декабри ҳамин сол дар доираи Барномаи зикргардида боз дар бобати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани 30 ҳазор тонна ғалла созишномаи нав ба имзо расид.
ШМА яке аз донорҳои асосии расонидани кӯмакҳои хайрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир Агентии ШМА оид ба вусъати кӯмаки байналхалқӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор