Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
кафолати Ҳукумати Америка бо тариқи ҳисобу китоби махсусе, ки дар бонки воридоту содироти ШМА кушода шуда буд, амалӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи дастгирии соҳаҳои нозук иқтисодиёти Европа дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба пешравии бузург ноил гардид.
Соли 1950 сатҳи баланди тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ба даст оварда шуд. Истеҳсоли нуриҳои минералӣ 65%, пӯлод 70%, семент 75%, нақлиёти боркаш 150%, маҳсулоти нафт 200% зиёд карда шуд.
Соли 1951 дар натиҷаи такмил додани олотҳои техникии америкой шароити наве - яъне содироти мавод ва дастгоҳҳои нисбатан пешқадамтари аз Европа ба ШМА ба вуҷуд омад. Аммо худи ҳамин сол дар натиҷаи тезу тунд шудани вазъи сиёсӣ барномаи Маршалл оҳиста-оҳиста барои ҳарчи бештар қудратнок намудани қувваҳои ҳарбии давлатҳои Европа, тақсими Европа, бунёди блокҳои ҳарбию сиёсии давлатҳои ғарб, пурзӯр намудани идеологияи "Ҷанги сард" ба муқобили лагери сотсиалистӣ ва умуман сиёсати пурра ба тобеияти ШМА даровардани кулли давлатҳои Европа нигаронда шуд.
Амалӣ шудани нақшаи Маршалл дар баробари вусъати соҳаҳои гуногуни саноат ва кишоварзии давлатҳои Европа кӯмаки бузургеро низ барои тараққӣ додани хоҷагии халқи ШМА расонид.
Зиёда аз 4 миллиард доллари америкоие, ки барои азнавсозии Европа пешбинӣ шуда, барои бунёд, ривоҷи соҳаҳои саноати ШМА, ки маҳсулоти онҳо барои давлатҳои Европа пешбинӣ шуда буд, равона гардид.
Чунин шароит ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, бо кор таъмин намудани зиёда аз 1 млн. бекорон ва тараққӣ додани иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуд.
Ба шарофати зиёд шудани талаботи ҷаҳонӣ ва беҳтар
гардидани вазъи сиёсии он ШМА то оғози солҳои 1960 нашъунамо
меёфт. Аз солҳои 1960 сар карда бо пуриқтидор шудани давлатҳои
Европаи Ғарбӣ ва Япония суръати тараққиёти ШМА каме сусттар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор