Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи дигар шудани ҷараёни сиёсӣ Германии Федеративӣ дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ аз душмани қаттол ба яке аз иттифоқчиёни асосии Америка мубаддал гашт.

Танҳо дар солҳои аввали амалӣ шудани нақшаи Маршалл ба Германии Федеративӣ яку якбора 2,4 миллиард доллари ШМА ҷудо шуда буд, ки баробар ба ҷамъи маблағҳои ба Англия (1,3 млрд.) ва Франция (1,1 млрд.) ҷудошуда ва нисбат ба Италия (704 млн. доллари ШМА) бошад, ин маблағ қариб 3,5 маротиба зиёд буд.

Зиёда аз 70% кӯмакҳои иқтидорӣ дар шакли маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва маводи химиявӣ ва 30 фоизи он дар шакли асбобу таҷҳизоти техникӣ, сохтмон ва бунёди иншоотҳои нави ҳозиразамон пешбинӣ шуда буд.

Мақсади асосии барномаи тасдиқшуда аз дастгирии молиявии истеҳсолоти маҳаллӣ барои босуръат тараққӣ кардани он дар давлатҳои Европа ва дар заминаи он ривоҷ ёфтани тиҷорати дохилии Европа, мусоидат ба болоравии қурби асъори миллии давлатҳои қудратноки Европа иборат буд.

  1. Маблағҳои ҷудошуда дар асоси нақшаи Маршалл барои маводи зарурӣ, аз қабили озуқа, сӯзишворӣ, пӯшок сарф мешуд.

  2. Мувофиқи ин банд кулли молҳои номбурда ба давлатҳои Европа дар шакли дотатсия фиристонида мешуданд. Маблағҳои аз фурӯши ин молҳо бадастомада барои рафъи касри буҷети давлат, барои бартараф ё паст кардани сатҳи беқурбшавии асъори миллӣ, барои дастгирии соҳаҳои саноати истеҳсоли пӯлод, семент, коркарди ангишт, асбобу таҷҳизоти техникӣ, барои соҳаи энергетика, маҳсулоти ресандагӣ, бофандагӣ, истеҳсоли нуриҳои минералӣ равона карда мешуданд.

Мувофиқи ин нақша дар натиҷаи таъмини тараққиёти соҳаҳои номбурда сол аз сол вобаста ба сатҳи афзоиш маблағгузории америкой кам карда мешуд.

Таъминоти олотҳои истеҳсолот дар асоси қарзҳои байналмилалӣ анҷом дода мешуд.

  1. Таъминоти маводи аввалия, мошину олоти техникӣ барои соҳаи кишоварзӣ, молҳои саноатӣ, қисмҳои эҳтиётӣ дар асоси
пешина
аз 785
навбатӣ