Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Фулузоти асил.
Тилло. Дар байни тамоми намудҳои фулузоти мавҷуда табиат беҳтарин хусусиятҳоро ба тилло додааст. Дар ҳама гуна шароити табиӣ, бо якҷоягии тамоми элементҳои химиявии системаи Менделеев тилло хусусиятҳои химиявӣ ва физикии худро гум накарда ҷило медиҳад, монанди оҳан занг намезанад, монанди мис оксид ва монанди нуқра тира намешавад. Аз ин ҷиҳат тилло ба гурӯҳи фулузоти асил дохил мешавад.
Инсоният истифодабарии тиллоро аз қадимулайём (шаш ҳазор сол пеш аз мелод), пеш аз ҳама, ба сифати ҷавоҳирот барои зебу зинат, сайқал додани яроқу аслиҳа, кох ва тахти шоҳ, ороиши биноҳои дарборӣ ва ибодатхонаву калисо истифода мебурд. Бо мурури замон, оҳиста-оҳиста бо афзудани захираҳои тилло ва пуркудрат шудани баъзе давлатҳо тилло бо мақсади ҷалб намудани молҳои беҳтарини давлатҳои ҷаҳон ба сифати пул истифода бубурдагӣ шуд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар давраи ҳукмронии сулолаи Селҷуқиён (асрҳои III-II пеш аз мелод) давлатҳои Юнону Бохтар, ки сарҳадоти онҳо ҳатто шимоли Ҳиндустонро дар бар мегирифт, тилло ба авҷи равнақи худ расида буд. Шоҳони Юнону Бохтар аз тилло, нуқра ва мис танга сикка мезаданд. Бо ин сабаб дар бозорҳои калони пӯшидаи онҳо молу мулки тамоми дунёро дарёфт кардан мумкин буд.
Аз рӯзҳои аввали солшумории мелодӣ то аввалҳои асри XVIII дар тамоми давлатҳои қитъаи олам тилло дар баробари иҷро намудани вазифаи сарвати давлатӣ барои истеҳсоли ҷавоҳирот, зарфҳои рӯимизии шоҳон, мукофоту қадрдонии пардохти молҳои воридотӣ васеъ истифода бурда мешуд.
Бо равнақу ривоҷёбии тиҷорати байналмилалӣ дар асрҳои XVIII тилло якбора ба пули ҷаҳонӣ табдил ёфт. Давлатҳои тараққинамудаи Европа бо мақсади ҳарчи бештар ҷамъ намудани тилло кашфиётҳои беҳтарини он замон, молҳои истеҳсоли худро дар бозорҳои давлатҳои Осиё, Африка ва Ҳиндустон ба ивази тилло ба фурӯш мебароварданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки он солҳо тиллои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор