Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз конҳои номбурда кони Мушистон бинобар мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳаҷми масоҳат (400 метр дарозӣ, 200 метр чуқурӣ) аҳамияти саноатӣ дорад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар таркиби маъдани ин кон зиёда аз 0,43% қалъагӣ мавҷуд аст.

Дар минтақаи Қазноқ якбора мавҷудияти 18 кони маъдани қалъагӣ муқаррар карда шуд, ки дарозии қабатҳои асосии он 400 метрро ташкил дода, зичии он аз 7 то 40 метрро ташкил медиҳад. Поёнтар аз кони Мушистон дар конҳои Зауран, Вени поёнӣ, Чашма, Тозлок низ мавҷудияти маъдани қалъагӣ муайян карда шудааст. Бо истифода дода шудани кони Мушистон ин конҳо низ аҳамияти саноатии худро пайдо мекунанд.

Ҳаҷман захираи қалъагӣ ба монандӣ висмут дар ҷаҳон ҳоло пурра муайян карда нашудааст. Тахминан захираи қалъагӣ соли 1987 дар ҳудуди 28 давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон дар ҳаҷми 7,3 млн. тонна муайян карда шудааст. Имрӯзҳо дар ҷаҳон 89%-и қалъагӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳон истеҳсол карда мешавад. Аз ҳаҷми умумии қалъагии дар ин давлатҳо истеҳсолшуда 78,6%-и он дар давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Аз давраи қадим қалъагӣ дар истеҳсолот бо омехтаи мис барои истеҳсоли хӯлаи биринҷӣ ва дигар намудҳои коркарди саноатӣ истифода бурда мешуд. Бо сабаби бо қувваи ками барқ об шудани қалъагӣ даҳсолаҳои охири асри XX дар ҳаҷми беҳад калон дар соҳаи электроника, компюторсозӣ, саноати радиотехникӣ ва кайҳон васеъ истифода бурда мешавад. Бинобар ин, бо дарназардошти пурра аниқ набудани захираҳои маъдани қалъагӣ дар ҷаҳон, зиёд будани талабот ба он, 12 доллар арзиш доштани 1 грамм қалъагӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар мавҷудияти захираҳои азими кашфшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувваи арзони барқ, об ва қувваи кории озодро ба назар гирифта, тамоми қудрату тавоноии ҷумҳуриро барои бунёди корхонаҳои коркард ва истеҳсолӣ равона намуда, ба истеҳсоли қалъагии худӣ шурӯъ кардан лозим аст. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон яке аз содиркунандаи асосии қалъагӣ дар бозори ҷаҳонӣ хоҳад гашт.

пешина
аз 785
навбатӣ