Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Мувофиқи созишномаи байналмилалӣ нафти хом бо қубурҳои зериобӣ аз тариқи баҳри Каспий бояд ба Туркия-Европа интиқол дода шавад.
Мулоқотҳои зиёде барои ба ин хати интиқоли нафт ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Туркманистон то ибтидои соли 2001 то ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.
Давлатҳои навбунёди Осиёи Марказӣ низ дар ин давра бо мақсади ҳалли масъалаи таъмини худ бо нафт корҳои зиёдеро доир ба кашфи захираҳои нафт ба анҷом расониданд. Натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои геологии даҳсолаҳои охир нишон доданд, ки дар зери замини давлатҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ нафт вуҷуд дорад. Танҳо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли солҳои 1995-2000 зиёда аз 140 кони нафт кашф карда, қисми зиёди онҳоро ба истифода дод. Мувофиқи пешбиниҳои олимон дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ 1 январи соли 2001 захираҳои нафти хом бояд 16 млрд. тоннаро (дар Тоҷикистон 430 млн. тонна) ташкил кунад.
Имрӯзҳо ҳаҷми захираҳои кашфшудаи Қазоқистон 12 млрд. тонна, Туркманистон 215,1 млн. тонна, Ӯзбекистон 78,8 млн. тонна, Қирғизистон 14,7 млн. тонна ва Тоҷикистон 5,4 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи бароҳмонии дурусти истеҳсол ва коркарди нафти хом Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон масъалаи худтаъминкунии иқтисодиёти мамлакаташонро бо сӯзишвории нафтӣ ҳал намуда, қисми муайяни онро содир мекарданд. Мувофиқи ҳисобҳои дақиқи мутахассисон ва олимон захираҳои нафтии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то 150 соли дигар бояд расад. Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бошанд, барои таъмини иқтисодиёти худ ҳар сол аз 1/6 ҳиссаи даромади буҷетро барои ворид намудани сӯзишвории нафтӣ сарф мекунанд.
Чунин вобастагии иқтисодиёт аз нафти ҷумҳуриҳои ҳамсоя таърихи қариб якасра дорад. Роҳбарияти Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ дар чуқурии зиёда аз 6000 метр мавҷуд будани нафтро дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ба назар гирифта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор