Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
буданд. Бинобар сиёсати "дарҳои пӯшида" нафти хоми истеҳсолшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ пурра барои таъмини эҳтиёҷоти давлатҳои лагери сотсиалистӣ равона карда мешуд.
Захираҳои нафти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми ҳудуди ин давлати бузург (Сибири Шарқӣ ва Ғарбӣ, ҷумҳуриҳои Кавказ, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон) кашф карда шуда буданд ва ҳаҷми умумии захираҳои он бештар аз 10 млрд. тоннаро ташкил менамуд.
Русия дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз ҳам аз ҷиҳати захира, истеҳсол ва истихроҷи нафт пешсаф мебошад.
Аз солҳои аввали пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Русия ба мақсади бо нафти худ вориди бозори ҷаҳонӣ ва аъзои созмони давлатҳои нафтистеҳсолкунанда шудан, тадбирҳои зиёде андешид.
Мавқеи ҷойгиршавии давлати бузурги Русия захираҳои бисёри кашфшуда ва хатҳои қубурҳои интиқоли нафт дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бунёдгардида дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ Федератсияи Русияро ҳамчун яке аз давлатҳои нафтсодиркунанда машҳур намуданд.
Давлатҳои навбунёди Кавказ, Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар баробари кашфи захираҳои табиии худ, муносибатро ба ин неъмати табиӣ - пешбарандаи иқтисодиёт дигар намуданд.
Масалан, баъд аз Русия бо захираҳои нафти хом якбора давлатҳои навбунёди назди Каспий ном бароварданд. Кашфиётҳои даҳсолаҳои охири асри XX нишон доданд, ки дар ин минтақа зиёда аз 4%-и захираҳои нафти ҷаҳонӣ вуҷуд дошта, истеҳсол ва интиқоли он бо қубурҳои зериобӣ дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирии онро зиёд менамояд.
Мавқеи ҷойгиршавии минтақаи Каспий ва таҷрибаи дар солҳои шӯравӣ бадастовардаи истеҳсоли нафтро аз қаъри баҳр ба назар гирифта, Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки фаъолонаи Русия ба содироти нафт шурӯъ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор