Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иқтисодиёти мамлакати худро дигар намуда, онро аз пастравӣ эмин нигоҳ доранд.

Ҳамин тариқ, иқтисодиёти мамлакат на танҳо аз дигар шудани самти ҳаракати протсесси сармоягузорӣ тағйир меёбад, балки дар баъзе ҳолатҳо аз садамаҳое, ки дар иқтисодиёт тез-тез ба амал меоянду мо бисёр вақт ба онҳо эътибори зарурӣ намедиҳем, вобастагӣ доштааст. Кейнс дар натиҷаи таҳлил ба хулосае омадааст, ки иқтисодиёт дар натиҷаи на ҳама вақт ба ин садамаҳо тоб оварданаш ва раванди иқтисодии мамлакатро дар чунин шароити баамаломада дар вақташ мутобиқ карда натавонистанаш хароб шуда, якбора дар ҷамъият дараҷаи баланди ҳаҷми истеҳсолот ва умуман аз байн бардоштани бекориро таъмин карда наметавонад.
Бинобар ин Кейнс чунин ҳисоб мекард, ки ба шарофати дуруст истифода бурдани роҳҳои фармондеҳии давлатӣ капитализмро наҷот додан мумкин аст.

Солҳои 60-70-уми асри ХХ бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бе ягон
ҷаҳиш ва пастравӣ мунтазам пеш мерафтанд. Бекории синфи коргар
умуман ҳис карда намешуд. Сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафта
буд. Қариб дар тамоми қитъаҳои дунё фаровонии маҳсулоти
кишоварзӣ, озуқа, сару либос, молҳои рӯзгор, автомобилҳои
тамғаҳои гуногун, умуман дар ҳама ҷо беҳбудии зиндагӣ ҳис карда
мешуд. Ҳама хаёл мекарданд, ки дар ҷаҳон чунин шароити
бавуҷудомада абадист ва дар оянда сатҳи зиндагӣ боз ҳам баландтар
хоҳад шуд. Аммо солҳои 70-ум давраи нави пастравии истеҳсолоти
саноатӣ сар шуд, ки дар ин солҳо тамоми мамлакатҳоро
стагфлятсияи иқтисодӣ (бо ҳам омехта шудани протсесси
беқурбшавии пул бо пешрафти сусти истеҳсолӣ ва афзудани шумораи
бекорон) фаро гирифт. Чунин шароит кулли олимони ҷаҳонро, аз
ҷумла тарафдорон ва давомдиҳандагони ақидаҳои кейнсистонро дар
ҳайрат гузошт. Протсесси стагфлятсияи иқтисодии баамаломада
барои онҳо як муаммо буд. Иқтисоддонҳои он замон сабабҳои чунин
шароити баамаломадаро дар сиёсати устуворшавии давлатдорон, ки
он бештар дар даҳолати давлат ба корҳои иқтисодии корхонаҳои
истеҳсолӣ дида мешуд ва даҳсолаҳо амалӣ мегардид, медиданд. Аз ин

пешина
аз 785
навбатӣ