Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Япония) омадани диктатура гардид. Барои аз чунин вазъият баровардани иқтисодиёти давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон дар воридоти молҳои хориҷӣ маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ҷорӣ карда шуданд. Ин амал ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ва оҳиста-оҳиста кам шудани сафи бекорон мусоидат намуд. Аммо татбиқи чунин сиёсат дар асл боиси афзудани шумораи бекорон дар дигар давлатҳо мегардид.

Олимони машҳури он замон аз чунин нуқсонҳои иқтисодӣ дар изтироб афтода, роҳҳои ҳарчӣ тезтар аз чунин вазъият раҳо ёфтанро меҷустанд. Тараққиёти пайдарпай ҷамъияти капиталистӣ зарурати таҳияи назарияҳои навро ба миён меовард. Яке аз аввалинҳо шуда иқтисодчии машҳури англис Ҷон Мейнард Кейнс (1883-1946) вазъияти баамаломадаро бо усули истифодаи назарияи макроиқтисодӣ таҳлил намуда, сабаби асосии таназзули иқтисодро дар он медид, ки сармоягузорон ба оянда боварии қатъӣ надоштанд.

Дар аввали асри ХХ дар сиёсати иқтисодии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ назарияи Ҷ. Кейнс ҷойи асосиро ишғол намуд.

Дар асари худ «Назарияи умумии шуғл, фоида ва пул» (1936) Ҷ. М. Кейнс таназзули тӯлонии иқтисодиеро, ки аз солҳои 30-юми асри ХХ олами капиталистиро фаро гирифта буд, таҳлил намуда, барномаи махсуси амали ҳукуматро пешкаш намуд, ки бо татбиқи он мамлакатро аз ҳама намуд таназзул эмин нигоҳ доштан мумкин буд.

Дар ин асар Ҷ. Кейнс сабабҳои асосии афзоиши бекориро исбот намуда, роҳҳои раҳоии аз ин вазъиятро дар фавран ҷорӣ намудани сиёсати молиявию пулӣ медид. Ба ақидаи Кейнс, давлат бояд ба воситаи сиёсати молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар таъсир расонад.

Дар давоми 25 соли баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон талаботи сиёсии иқтисодиёти бозории Кейнс дар ҷаҳон хеле машҳур шуд. Баъзе ақидаҳои Кейнсро Президенти ШМА Д. Рузвелт ба барномаи нави худ "Ню Дил" дохил намуд. Аз ҷониби ШМА ва кишварҳои дигар сиёсати бокортаъминкунии пурра ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи моҳирона ва дар вақташ самаранок истифода бурдани фишангҳои буҷетию пулӣ бисёр давлатҳо тавонистанд дар вақташ самти равиши

пешина
аз 785
навбатӣ