Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
эквиваленти умумӣ барои вусъати тиҷорат, роҳҳои тараққӣ додани истеҳсолот ва бозори фурӯши молҳои истеҳсолшуда, ҳалли проблемаҳои навтарине, ки бунёди сохторҳои нав, механизми идоракунии онҳоро беҳтар менамоянд, назарияи навро такозо менамуд.
Дар асоси чунин талабот солҳои 70-уми асри XIX дар кулли давлатҳои капиталистӣ "ҳаракати иқтисод"-и олимони шинохтаи он давра оғоз гардид. Онҳо шароитҳои нав баамаломадаи ҷамъияти капиталистиро аз нуқтаи назари илмӣ чуқур таҳлил намуда, назарияҳои худро оид ба беҳтар кардани шароити истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда пешкаши сохторҳои дахлдори он замон мегардонданд.
Ҳамин тариқ, дар муҳлати хеле кӯтоҳ назарияи нав, аз ҷумла, "маржиналистӣ" назарияи арзишҳо ё назарияи ҳадди ниҳоии фоиданокӣ, ки дар вақти муайян аз тарафи У.С. Чевонс ва А. Маршалл (Англия), К. Менгер, Ф. Фон-Визер, Б. Бем-Баверк, Ҷ.Б.Кларк (ШМА) кашф гардиданд, дар он давра хеле машҳур буданд. Хусусан асарҳои Ҷ.Б.Кларк оид ба таҳлили давраи гузариш аз капитализм ба империализм, ки дар он ҷараёни муттаҳидшавии корхонаҳои калони давлатҳои алоҳида ва дар асоси он бунёди монополияҳои бузург аён нишон дода шудааст, нақши муҳимеро мебозад. Ӯ дар асари худ исбот намудааст, ки идеологияи "соҳибкории озод", ки бевосита дар давраи оғози капитализм бамаврид аст, дар давраи гузариш ба империализм садди роҳи тараққиёти истеҳсолот мешавад. Аз ин нуқтаи назар, Ҷ.Б.Кларк хусусиятҳои хоси империализмро омӯхта, назарияи "рақобати озод"-ро, ки бевосита ба фазаи олии капитализм муносиб мебошад, кашф кард. Дар назарияи худ Ҷ.Б.Кларк раванди монополиякунонии истеҳсолотро зери танқид гирифта, пешбинӣ намуд, ки монополия оҳиста-оҳиста рафти тараққиётро дар истеҳсолот боздошта, хусусиятҳои ба худ хоси ғораткуниро ҷорӣ менамояд. Баъдтар А. Маршалл назарияи "рақобати озод"-ро шарҳ дода, онро ҳамчун асоси равнақу ривоҷи империализм маънидод кардааст. Мувофиқи ақидаи А. Маршалл дар давраи империализм кулли хароҷот ва даромади

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё