Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Чунин тақсимоти классикии меҳнат дар муносибатҳои савдои хориҷии Англия бо Австралия, Зеландияи Нав ва Канада дар он давра баръало дида мешуд. Ба ивази мошину олот ва дастгоҳҳои техникӣ ба Британияи Кабир пашм, гӯшт ва ғалла ворид карда мешуд.

Бо чунин тарзи бароҳмонии муомилоти молҳо концепсияи Э. Хекшер ва Б. Олин, агар аз як тараф, омилҳои мавҷударо ба назар гирифта, мамлакатҳои ҷаҳонро барои махсусгардонии истеҳсолот тарғиб намоянд, аз тарафи дигар, сиёсати истисмори ниҳонии мамлакатҳои кишоварзӣ (аграрӣ) ва мустамликаҳоро (колонияҳоро) пардапӯш менамуданд.

Дар замони ҳозира бошад, концепсияи Э. Хекшер ва Б. Олин барои тарғиби бартарии мамлакатҳои алоҳидае, ки дар истеҳсоли баъзе молҳои сермасрифи ҷаҳон машҳур гаштаанд, истифода бурда мешавад.

Масалан, бартарии Кореяи Ҷанубӣ дар содироти маҳсулоти дӯзандагӣ, асбобҳои электронӣ, ки дар ин мамлакат дар истеҳсоли онҳо қувваи кории арзон истифода бурда мешавад, бартарии Шветсия дар содироти маҳсулоти саноати пӯлодгудозӣ, бартарии Канада ва Норвегия дар истеҳсоли алюминийи арзон, ки бо истифодаи қувваи барқи арзони ватанӣ ба даст оварда мешавад, истифода мегардад.

§2.4. Назарияҳои навтарин дар бораи роҳҳои идора намудани иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати хориҷӣ

Бо тараққиёти ҷамъияти капиталистӣ ва равнақу ривоҷ ёфтани соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, дар охирҳои асри XIX тиҷорати байналмилалӣ бештар ба проблемаҳои зиёде дучор мешуд.

Чунин ҳолатро ба назар гирифта, олами нави капиталистӣ назарияҳои қафомондаи сохти ҷамъияти федалиро қисман инкор намуда, аз олимони иқтисодшиноси худ барои мустаҳкам кардани пояҳои сохтори давлат, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иқтисодии вобаста ба гардиши пул, меъёрҳои муайянкунандаи он, ёфтани

пешина
аз 785
навбатӣ