Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар вохӯрии сарварони давлатҳо, ки 14 феврали соли 1992 дар шаҳри Минск баргузор гашта буд, президентони давлатҳои ИДМ 18 ҳуҷҷати вобаста ба масъалаҳои ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтидорӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва ғайраро ба имзо расонданд, ки онҳо дар фаъолияти кулли давлатҳои узви ИДМ ҳуҷҷати рӯимизӣ ба шумор рафта, муносибатҳои чӣ истеҳсолӣ ва чӣ иқтисодии онҳоро мустаҳкам намуданд. Дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои танзимкунии муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар соҳаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаи басо муҳими рӯзмарраро оид ба ҳамоҳангсозии нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ якдилона ҳаллу фасл намуда, Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ-ро бунёд намуданд.

Дар таърихи ҳамкории даҳсолаи давлатҳои аъзои ИДМ ва содиқона то имрӯз фаъолият намудани роҳи оҳан нишон дод, ки созишномаи қабулшуда дурандешӣ ва хирадмандии сарварони давлатҳоро нишон медиҳад.

Аз натиҷаҳои вохӯрии сарварони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Минск Президенти Украина Л. Кравчук хушнуд шуда, чунин изҳор намуд, ки "барои ман шахсан рӯзи гузашта ид буд. Мо дарк намудем, ки ИДМ ин ҳамон сохторест, ки бе он мо зиста наметавонем. Барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ мо роҳи умумии худро ёфта, баҳри имзо намудани ҳама гуна созишномаҳо тамоми монеаҳоро бартараф карда, тарафҳо ӯҳдадор шуданд, ки созишномаи байнидавлатиро оид ба интиқоли бор иҷро намуда, чораҳои лозимаро вобаста ба азнавсозии робитаҳои иқтисодии байни корхонаҳо дида мебароянд".

Вохӯрии навбатии сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, ки 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, пурра ба масъалаи танзими қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, имзои созишномаи амнияти умумӣ, Созишнома дар бораи қоидаҳои муваққатии фаъолияти Шӯрои сарварони давлатҳо ва Шӯрои сарварони ҳукуматҳо бахшида шуда буд. Дар ин вохӯрӣ боз 22 масъалаи дигар вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, маданият, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, пешгирии андозситонии дуқарата, проблемаҳои баҳри Арал ва Примория ҳаллу фасли худро ёфтанд.

пешина
аз 785
навбатӣ