Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба ҷанбаҳои мазкури барасмиятдарории гумрукии бор муқаррар шудааст.

Дар Созишномаи мазкур ба барасмиятдарории баъзе борҳо аҳамияти махсус дода шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 5 гуфта мешавад, ки зимни интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷм, инчунин борҳои ба тариқи резиш дар воситаҳои нақлиёти рӯкушод интиқолшаванда (рег, шағал ва ғайра) бояд тадбирҳое андешида шаванд, ки ба пинҳонӣ иваз кардани бор имконият надиҳанд (тасвири муфассали бор дар ҳуҷҷатҳои бо бор фиристодашаванда ва транзитӣ, дар борҳо гузоштани аломати тафриқа ва ғ).

Дар моддаи 6 механизми ба расмияти гумрукӣ даровардани борҳои содироти такрорӣ (реэкспортӣ) баён шудааст. Молҳое, ки ба қаламрави яке аз давлатҳои иштирокчии Созишнома барои истифодаи дохилӣ аз қаламрави давлати дигари иштирокчии Созишнома ворид карда, ба давлатҳои сеюм реэкспорт мешаванд, агар иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлати иштирокчии Созишнома, ки истеҳсолкунандаи мол аст, мавҷуд бошад, аз ҷониби гумрукҳои давлат мутобиқи қонунҳои миллии он рухсат дода мешаванд. Тартиби додани иҷозатнома барои реэкспорт тибқи қонунгузории миллии тарафҳои аҳдкунанда муайян карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Созишнома дар бораи ба расмияти гумрукӣ даровардани борҳои транзитӣ протоколҳои дуҷонибаеро, ки байни Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти гумрукии як қатор давлатҳои хориҷаи наздик ба имзо расидаанд, пурра мекунад.

Шӯрои сарварони ҳукуматҳои ИДМ таҷрибаи Федератсияи Россияро ба назар гирифта, барои таъмини аҳолии давлатҳои худ протоколи оид ба дар соли 1992 бо тариқи марказонидашуда аз хориҷа харидани маводи хӯрока, маҳсулот ва воситаҳои муҳофизати растаниҳоро ба имзо расонд. Мувофиқи ин протокол аз намояндагони тамоми давлатҳои ИДМ комиссияи байнидавлатиро таъсис дода, ба Федератсияи Россия ваколати аз номи онҳо дар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои гирифтани қарзҳои вобаста ба хариди озуқаворӣ баромад карданро доданд.

пешина
аз 785
навбатӣ