Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар бобҳои аввали китоб мафҳум, моҳият ва категорияҳои иқтисодиёти ҷаҳон, марҳилаҳои таърихии ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти ҷаҳон, назарияҳои иқтисодӣ ва концепсияҳои навтарин оид ба муносибатҳои иқтисодии ҷаҳони муосир муфассал шарҳ дода шудаанд.

Бобҳои дигари китоб ба проблемаҳои зарурати вусъати ҳамгироии иқтисодӣ — шарти муҳими тараққиёти устувори иқтисодиёти давлатҳои мухталифи ҷаҳон дахл намуда, моҳият ва мазмуни масъалаҳои басо муҳимро, ба монандӣ сабабҳои пайдоиш ва зуҳуроти ҳамгироии иқтисодӣ, зинаҳои таърихии ташаккулёбии он, хусусиятҳои ҳамгироии иқтисодии давлатҳои Европа, қитъаи Америка, Созишномаи НАФТА, давлатҳои қитъаи Африка, Осиё, давлатҳои Араб, Шарқи Наздик, хусусан давлати бузурги Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таснифоти нави давлатҳои дунё, иқтидори иқтисодии ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ташаккулёфтаи Тоҷикистон бо ин гурӯҳ кишварҳои дунё ва дурнамои ин робитаҳоро шарҳ медиҳанд.

Дар китоб барои шинос шудан ба моҳияти бунёди бозори умумии давлатҳои ҷаҳон, бунёди созмонҳои нави ҳамгирой (Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ, Форуми Шанхай), хусусиятҳои хоси давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба инкишоф, созмонҳои байналмилалии молиявии ҷаҳон ва ҳамкории онҳо бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст, ки ин масъалаҳо ҳоло дар аксар маврид дар китобҳои мавҷуда инъикос наёфтаанд.

Ҳамзамон дар китоб, дар бахши махсус, ба проблемаҳои раванди дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва саҳми Тоҷикистон дар роҳи вусъат бахшидан ба робитаҳои судманди иқтисодии хориҷӣ бо давлатҳои ҷаҳон таваҷҷӯҳ дода шудааст, ки аз аҳамият холӣ нест.

Вазифаи асосии ин китоб, хонандаро ба системаи иқтисодиёти ҷаҳон ва мавқеи Тоҷикистон дар он, проблемаҳои муҳиму ҳалталаби он шинос кардан, онҳоро бо донишҳои нав мусаллаҳ намудан аст, ки албатта аҳамияти зиёди назариявӣ ва амалӣ дорад.

пешина
аз 785
навбатӣ