Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот

Китоб ба 10-солагии истиқлолияти
Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

ПЕШГУФТОР

Барои ба чоп омода намудани китоби "Иқтисодиёти ҷаҳон", ки муваффақияти давлати ҷавони тоҷиконро бори аввал дар арсаи байналмилалӣ муайян менамояд, моро суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Ш. Раҳмонов водор намуданд.
Имрӯзҳо бо шинохта шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ "Масъалаи таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.
Зеро эҳтиром гузоштан ба ин ҳама муқаддасот аз донистани онҳо шурӯъ мешавад. Ба ин хотир мо бояд тамоми низоми таълиму тарбияро дар мамлакат бо назардошти ниёзҳои истиқлолияти давлат, самтҳои пешрафти ҷомеа, арзишҳои маънавию ахлоқии халқамон дар пайвастагӣ бо арзишҳои умумибашарӣ таҷдиди назар кунем.

Мутаассифона, ҷараёни ислоҳот дар ин соҳа моро қаноатманд карда наметавонад. Шаклу усулҳои таълим, моҳияту мӯҳтавои он ҳанӯз комилан аз чаҳорчӯбаи идеологияи пешина раҳо наёфтааст.
Бисёр китобу дастурҳои таълимӣ ё умуман бетағйир мондаанд, ё рӯякию зоҳирӣ ба шароити имрӯза мувофиқ карда шудаанд, ки ба рӯҳи миллӣ ва ҷаҳонбинии таърихии халқамон созгор нестанд"1.

Дар давраи истиқлолият бояд китобҳои дарсӣ ва воситаҳои дигари таълимие ба вуҷуд оварда шаванд, ки ҷавобгӯи талаботи замони нав бошанд.

Яъне мазмуну мундариҷаи онҳо бояд баёнгари ҳуввияти миллӣ, инъикоскунандаи анъанаҳои таърихӣ ва талқинкунандаи ғояҳои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бошанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имсол 10-солагии худро ҷашн
гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар Рӯзи
ҷашни истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ чунин иброз намуд: "Иди 10-солагии истиқлолияти навини Тоҷикистон, иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ - тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки бо вуҷуди анъанаи деринаи давлату давлатдории хеш бори дигар дар интиҳои асри ХХ истиқлолияти воқеиро соҳиб шудааст.

Дар тӯли ин солҳо кишвари мо ба сӯи ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор мегузорад. Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, пешрафти иқтисодиётро дар тамоми соҳаҳо таъмин карда истодааст. То имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 128 кишвари олам ба расмият шинохтааст. Аз он ҷумла 98 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 44 давлат сафирони муқим ва ғайримуқими худро ба Тоҷикистон таъйин намудаанд.

Ба ақидаи мо, ҳаматарафа омӯхтан ва донистани иқтисодиёти ҷаҳони муосир ва саҳми Тоҷикистон дар рушду такомули робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва умумибашарӣ бениҳоят судманд буда, зарурати ҳаётӣ дорад.

Китоб аз 17 боби аз ҷиҳати мантиқӣ бо ҳам алоқаманд иборат мебошад. Дар таълифи китоб аз сарчашмаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қадри зарурат истифода шудааст.

Дар китоб дар баробари шарҳи муҳимтарин проблемаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, давлатҳои мухталифи он, ки моделҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла низоми муносибатҳои бозориро ба роҳ мондаанд, паҳлуҳои зиёди иқтисодиёти ҷаҳони муосир таҳлилу арзёбӣ гардида, мавқеъ ва нақши Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вусъатбахшии муносибатҳои бозорӣ, ташаккул ва инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба тарзи возеҳу равшан, соддаю равон ва бо далелу мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст.

аз 785
навбатӣ