Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

қубури интиқоли нафти хом аз ҳавзаи истеҳсол то баҳри Миёназамин оғоз ёфт.

Муваффақиятҳои ин ширкатҳоро ба назар гирифта, соли 1948 ба онҳо ширкатҳои ЕКСОН ва МОБИЛ ҳамроҳ шуда, калонтарин консортиуми дар ҷаҳон бо номи РАМКО таъсис намуданд.

Соли 1950 ба консортиуми РАМКО ширкатҳои "Галф-Ойл", "Шелл" ва "Бритиш-Петролиум" дохил шуда, ба худ номи "Ҳафт хоҳарон"-ро гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки то солҳои 1970 консортиуми "Ҳафт хоҳарон" дар ҷаҳон аз ҷиҳати миқдори истеҳсол ва фурӯши нафт ба худ ҳамто надошт. Муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ШМА ва Арабистони Саудӣ бо вуҷуди ихтилофоти дар ин минтақа мавҷудбуда рӯз то рӯз мустаҳкам мешуданд. Мувофиқи шартномаҳои имзошуда бар замми арзиши нафти содиршуда 50 фоизи даромади соф ба хазинаи давлатии Арабистони Саудӣ гузаронида мешуд. Шоҳи Арабистони Саудӣ Ибн Сауд аз инқилоби дар Эрон рӯйдода ҳаросида, аз 50 фоиз зиёд чизе талаб карда наметавонист.

Воқеаҳои дар Эрон рӯйдода вазъи консортиуми "Ҳафт хоҳарон"-ро низ каме ба ташвиш овард. Дар натиҷаи муборизаҳои синфӣ шоҳи Эрон Муҳаммад Ризои Паҳлавӣ аз тахт дур карда шуд. Тамоми моликияти хусусии ширкатҳои нафтистеҳсолкунандаи англис миллӣ кунонида шуданд. Бо сабабҳои хуш наомадани чунин амал тамоми ширкатҳои калонтарини нафтистеҳсолкунандаи ҷаҳон муборизаи сиёсӣ ва иқтисодии худро ба муқобили Эрон сар карда, роҳҳои интиқоли баҳрӣ ва хушкии нафтро бастанд. Эмбаргои иқтисодӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ вазъи иқтисодии Мусаддиқро хароб намуд.

Бо кӯмаки Идораи марказии разведкаи ШМА шоҳ ба тахт баргардонда шуд ва 95 фоизи ширкатҳои милликунонидашуда аз нав ба "Ҳафт хоҳарон" ва панҷ фоизи он ба ширкатҳои начандон калони хусусии Америка тақсим карда шуд.

Аз ҳамин давра сар карда, муборизаи ширкатҳои нафтистеҳсолкунанда барои пасту баланд кардани арзиши аслии як баррел (1 баррел-159 литр) нафт оғоз гардид.

пешина
аз 785
навбатӣ