Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

тарафи дигар, мамлакатро бевосита зери таъсири мамлакатҳои дигар қарор доданд.

Қобили тазаккур аст, ки ягон қарз бе кафолати ҳукумат дода намешавад. Қарздиҳандаҳо бар ивази қарзи худ кафолати ҳукуматро оид ба иштироки онҳо дар тақсимоти даромад аз фурӯши содироти нафт муайян намуданд.

Ин аст қонуни асри ХХ ва XXI.

§ 5.3. Иттиҳоди кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК)

Бунёди иттиҳоди кишварҳои содиркунандагони нафт, ки дар ҷаҳон бо номи ОПЕК машҳур гаштааст, решаҳои хеле амиқ ва таърихи қариб якасра дорад.

Дар аввалҳои асри XX дар натиҷаи тадқиқоти геологӣ дар қаламрави Арабистони Саудӣ чор захираи бузурги нафти ҷаҳонӣ кашф ва ба истифода дода шуд. Захираҳои бузурги нафти саудӣ таваҷҷӯҳи бисёр давлатҳои пуркудрати он замонро ба худ ҷалб менамуд.

ШМА солҳои 1920 захираҳои дохилии худро ҳисоб намуда, ба хулосае омад, ки миқдори мавҷудаи он барои солҳои муайяне мерасаду халос. Дар баробари ин аз ҷиҳати иқтисодӣ ворид намудани нафти тайёр нисбат ба парма кардани чоҳҳои чуқур он солҳо арзонтар ба назар мерасид. Ҳукумати Америка солҳои 1920-1930 ба ширкатҳои нафти мамлакат супориш дод, ки бо мақсади дар оянда таъмин намудани минтақаи худ бо нафт ҳамоҳангсозии барномаҳои ҳамкориро бо давлатҳои Шарқи Наздик ба зудӣ ба анҷом расонанд.

Бинобар ба ӯҳда гирифтани вазифаи кашонидани нафти хом ширкатҳои америкоиро дар Арабистони Саудӣ хеле хуб истиқбол гирифтанд.

Аввалин ширкатҳои калонтарини Америка "Сокол",
"Стандарт Ойл оф Калифорния" ва "Тексако" (Texaco) бо ҳамроҳии
ширкатҳои нафти араб ба истихроҷи нафт шурӯъ намуданд. Соли
1945 бо розигии ҳукумати Америка ва Арабистони Саудӣ хати

пешина
аз 785
навбатӣ