Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Термини хабари ин муҳокима «асарҳои ғоявӣ» ба ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро дар ин ҷо фикр дар бораи ҳамаи асарҳои ғоявӣ меравад, ки онҳо ба гурӯҳи баъзе ҳикояҳо дохил намешаванд, бинобар ин термини хабари ин муҳокима муштак мебошад.
Ҳаҷми терминҳои мубтадо ва хабари муҳокиман ҷузъии инкориро бо доираҳо ишора менамоем. (Нигар ба расми 12).
Дар ин расм доираи нақшванок (S) муштарак набудани термиро доираи холӣ (P) муштарак будани термиро мефаҳмонад.
Ба ҳамин тариқ, дар бораи ҳаҷми терминҳои муҳокима чунин хулосаи мухтасар баровардан мумкин аст: дар муҳокимаҳои умумӣ термини мубтадо муштарак буда, дар муҳокимаҳои ҷузъӣ номуштарак мебошад; дар муҳокимаҳои инкорӣ термини хабар муштарак буда, дар муҳокимаҳои тасдиқӣ номуштарак мебошад.
Барои ин ки муштараку номуштараки терминҳои муҳокимаҳо бо осонӣ ба хотир дошта шавад, мо онҳоро ба воситаи нақша ифода менамоем. (Нигар ба расми 13).
Дар ин нақша аломати + (ҷамъ) муштараки термиро мефаҳмонад, аломати — (тарҳ) номуштараки термиро мефаҳмонад. Аломати ҷои якумро ишғолкунанда термини мубтадоро мефаҳмонад, аломати ҷои дуйӯмро ишғолкунанда термини хабарро мефаҳмонад.
§ 7. МУҲОКИМАҲОИ ВУҶУДӢ, ХУСУСИЯТ ВА МУНОСИБАТ
Аз ҷиҳати дар муҳокима инъикос кардани вуҷуд доштан ё надоштани ягон предмет, мутааллиқӣ ё номутааллиқии ягон хусусият ба предмет, мавҷудӣ ё номавҷудии ягон муносибат дар байни предметҳо, муҳокима ба се навъ тақсим мешавад.
- Муҳокимаи вуҷудӣ. 2) Муҳокимаи хусусият, 3) Муҳокимаи муносибат.
- Муҳокимаи вуҷудӣ дар воқеият мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ягон предметро инъикос мекунад. Масалан: «Дар СССР сохти ҷамъияти социалистӣ мавҷуд аст», «Дар Англия сохти ҷамъияти социалистӣ мавҷуд нест», «Дар Моҳ ҳаёт вуҷуд надорад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё