Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
ки ҷо мубтадои мантиқии «ин кор» буда зоҳиран баён карда нашудааст.
Ҳар як муҳокима бо ҷумла ифода карда мешавад. Лекин ҳамаи навъҳои ҷумла, муҳокимаро ифода намекунанд. Одатан муҳокима бисёр вақт бо ҷумлаи хабарӣ (ҳикоягӣ) баён карда мешавад. Дар муҳокима ҳамеша нисбат ба предмет ягон чиз тасдиқ ва ё рад карда мешавад. Ҷумлаҳои хабарии ҳамин гуна фикреро, ки дар вай нисбат ба предмет ягон чиз ё тасдиқ ва ё рад карда мешавад, ифода мекунанд. Вале ҷумлаҳое ҳастанд, ки дар онҳо на тасдиқ дида мешавад ва на рад кардани ягон чиз. Масалан, ҷумлаҳои саволии «Имрӯз мераванд-мӣ?», «Кай рафта будед?», «Иҷозат диҳед?» ва ғайра ҳастанд, ки дар онҳо на тасдиқ дида мешавад ва на рад кардани ягон чиз. Ин гуна ҷумлаҳоро мо на ҳақ гуфта метавонем ва на дурӯғ. Бинобар ин, чунин ҷумлаҳо муҳокимаро ифода намекунанд.
Сохти муҳокима барои ҳамаи халқҳои гуногунзабон як хел мебошад. Аммо ҳамаи забонҳо як хел нестанд. Ҳар як забон сохти грамматикии ба худ хосе дорад. Бинобар ин, муҳокима дар забонҳои гуногун бо шаклҳои гуногуни грамматикӣ ифода карда мешавад.
Фарқи муҳокима ва ҷумларо дар он дидан мумкин аст, ки баъзан бо ёрии як ҷумла муҳокимаҳои маъмунашон гуногун ифода карда мешаванд. Масалан, ба воситаи ҷумлаи «Душанбе — пойтахти Тоҷикистон мебошад» се маъноро, яъне 1) ягон шаҳри дигар не, балки Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст; 2) Душанбе маркази ягон район ё вилоят не, балки пойтахти Тоҷикистон мебошад; 3) Душанбе пойтахти республикаҳои дигар ва ё ягон мамлакати хориҷӣ не, балки Тоҷикистон мебошад, ифода кардан мумкин аст. Бинобар ин, дар ин ҷо ҷумлаи грамматикӣ якто буда, бо ёрии он маъноҳои гуногун, муҳокимаҳои гуногун, ки мубтадо ва хабари мантиқиашон ҳар хел аст, ифода карда шудаанд. Баъзан маънои муҳокимаме, ки бо ҷумла ифода шудааст, муайян кардан душвор аст. Чунки бо як ҷумла муҳокимаҳои гуногун ифода карда мешавад. Барои муайян кардани маънои муҳокима, мубтадо ва хабари мантиқии он бояд ба задаи мантиқӣ диққат карда шавад. Ба кадом калимае ки задаи мантиқӣ афтида бошад, ҳамон калима (ва ё ибора) мубтадои мантиқиро ифода менамояд.
§ 4. НАВЪҲОИ АСОСИИ МУҲОКИМА
Дар муҳокима предмет, алоқаҳои предмет ва хусусияти он инъикос меёбанд. Аммо миқдори ин предметҳо гуногун мешавад.
Мумкин аст, ки муҳокима як предмет ё як гурӯҳ, ҷинси предметҳоро инъикос намояд. Хабари мантиқӣ ва бандак ба предмет дахл доштан ва ё дахл надоштани ягон хусусиятро инъикос мекунад. Муносибати байни мубтадои мантиқӣ ва хабари мантики

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё