Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
дар майнаи сар пайдо шудааст, мо онро нақл мекунем ва ё менависем, ҳамеша бо ёрии ҷумла ифода меёбад. Муҳокима бе ҷумла вуҷуд дошта наметавонад. Ҷумлаи грамматикӣ шакл, қиёфаи берунӣ ва зоҳирии муҳокима аст. Ҷумлаи грамматикӣ восита, аслиҳаест, ки бо ёрии он муҳокима ифода карда мешавад. Бинобар ин, муҳокима ва ҷумла аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин нест. Муҳокима ва ҷумла мисли тафаккур ва забон дар ягонагӣ мебошанд.
Ғайр аз он, дар байни муҳокима ва ҷумла тафовут ҳам мавҷуд аст. Баъзан мубтадои грамматикӣ бо мубтадои мантиқӣ мувофиқ меояд. Масалан, «Ҳокимияти Советӣ — давлати коргару деҳқон мебошад» дар ин ҷо «Ҳокимияти Советӣ» мубтадои мантиқӣ ва дар айни замон мубтадои грамматикӣ мебошад.
Баъзан хабари мантиқӣ бо хабари грамматикӣ мувофиқ меояд. Чунончи, «Москва — пойтахт», дар ин ҷо мафҳуми «пойтахт» ҳам аз нуқтаи назари мантиқӣ ва ҳам аз нуқтаи назари грамматикӣ хабар мебошад. Аммо баъзан ин мувофиқ омадани мубтадои мантиқӣ бо мубтадои грамматикӣ ва хабари мантиқӣ бо хабари грамматикӣ мушоҳида карда намешавад. Масалан, дар муҳокимаи «Ин гулдастаи калони гулҳои зебои ранг ба ранг азони шумо мебошад», мафҳуми «Ин гулдастаи калони гулҳои зебои ранг ба ранг» мубтадои мантиқӣ мафҳуми «азони шумо» хабари мантиқӣ ва «мебошад» бандаки мантиқӣ аст. Агар ин муҳокимаи зикршуда аз нуқтаи назари грамматикӣ дида шавад, ҷонишини «ин» мубтадои грамматикӣ, феъли «мебошад» хабари грамматикӣ буда, калимаҳои дигар аъзоёни пайрави ҷумлаанд.
Дар муҳокима танҳо се қисм: мубтадо, хабар ва бандаки мантиқӣ мавҷуданд. Маълум аст, ки дар баъзе ҷумлаҳо ғайр аз сараъзоёни ҷумла аъзоёни пайрави ҷумла (муайянкунанда, пуркунанда ва ҳол) ҳам доранд. Дар муҳокима ин ҳол дида намешавад.
Аз нуқтаи назари грамматика ҷумлаҳои бешахс, бемубтадо мавҷуданд. Агар ин гуна ҷумлаҳои бемубтадо мантиқан таҳлил карда шаванд, маълум мегардад, ки бисёрии онҳо мубтадои мантиқӣ доранд. Масалан, агар ҷумлаи бемубтадои «Аҷаб нест»-ро мантиқан таҳлил намоем, мебинем, ки дар ин ҷо «аҷаб» хабари мантиқӣ ва предмете ки дар бораи он аз ин пеш фикр баён карда шуд (масалан, аз ин пеш гуфта шуда буд, ки дар Иттифоқи Советӣ киштии ҳамроҳи сунъии Замин сар дода шудааст), мубтадои мантиқӣ мешавад. Мисоли дигар. Дар байни халқи маҳаллӣ чунин ибора, ҷумлаи бемубтадо машҳур гардидааст: «Омаданду заданду хӯрданду гирифтанду рафтанд». Дар ин ҷо мубтадои мантиқиро мафҳуми «муғулҳои истилогар» ташкил мекунад.
Баъзан дар бораи ягон кор сухан ронда истода мегӯянд, ки: «Дидӣ ки нашуд, мон ки равад». Ибораи охирин аз нуқтаи назари грамматика ҷумлаи бемубтадо мебошад. Аммо мантиқан дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё