Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

инъикоси алоқаҳои гуногуни предметҳо мебошад. Ҳамин ҷиҳатҳо: миқдори предметҳо, характери алоқа, муносибати байни онҳо, хусусиятҳои гуногуни предметҳоро ба назар гирифта, муҳокимаро ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунанд:

  1. Аз ҷиҳати мазмун ё сифати худ муҳокима ба ду навъ: муҳокимаи тасдиқӣ ва муҳокимаи инкорӣ тақсим мешавад.

  2. Аз ҷиҳати ҳаҷм ё миқдори худ муҳокима ба муҳокимаҳои тоқа, умумӣ, ҷузъӣ тақсим мешавад.

  3. Аз ҷиҳати мазмуни хабари мантиқӣ ба муҳокимаҳои мавҷудӣ, хусусият ва муносибат тақсим мешавад.

  4. Аз ҷиҳати сига (модальность), ба муҳокимаҳои эҳтимолӣ ва муҳокимаи эътиборнок тақсим шуда, дар навбати худ, онҳо боз ба муҳокимаҳои воқеият ва зарурият ҷудо мешаванд.

  5. Муҳокимаи мантиқӣ бо таркиби худ ба муҳокимаҳои содда ва мураккаб тақсим мешавад.

§ 5. ТАКСИМИ МУҲОКИМА АЗ ҶИҲАТИ СИФАТ ВА МИҚДОР

Аз нуқтаи назари мазмуни ва ё сифати худ муҳокима ба ду навъ: 1) Муҳокимаи тасдиқӣ; 2) Муҳокимаи инкорӣ тақсим мешавад.

Дар муҳокимаи тасдиқӣ ба предмет хос будани ягон нишона тасдиқ карда мешавад. Барои муҳокимаи тасдиқӣ мисолҳои зериро меоварем: 1. «Забон воситаи мубориза ва тараққиёти ҷамъият мебошад».

  1. «Ҳамаи мамлакатҳои халқии демократӣ ҷамъияти социалистӣ месозанд».

  2. «Ҳофизи Шерозӣ» — шоири бузурги халқҳои Шарқ мебошад.

  3. «Грамматика аҳамияти амалӣ дорад».

Дар муҳокимаи инкорӣ дар байни предметҳо мавҷуд набудани алоқа ва ё ягон нишона инъикос карда мешавад.

Барои муҳокимаи инкорӣ чунин мисолҳо меоварем:

  1. «Дар СССР синфҳои истисморкунанда ва истисморшаванда нестанд».

  2. «Халқҳои советӣ ҷангро намехоҳанд».

  3. «Ин студентҳо табиатшинос намебошанд».

Ба ҳамин тариқ, дар муҳокимаҳои тасдиқӣ ва инкорӣ ба предмет тааллуқ доштан ва тааллуқ надоштани нишона муқаррар карда мешавад. Муҳокимаи тасдиқӣ бо формулаи зерин ишора карда мешавад:

S — P аст.

Муҳокимаи инкорӣ бо формулаи зерин ифода карда мешавад:

S — P нест.

пешина
аз 192
навбатӣ