Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ III

АМАЛҲОИ МАНТИҚӢ БО МАФҲУМ

§ 1. МАҲДУДКУНИ ВА УМУМИЯТДИҲИИ МАФҲУМ

Дар роцесси тафаккур баъзан аз мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон васеътар аст, ба мафҳумҳои ҳаҷмашон хурдтар мегузаранд ва баъзан, баръакс, аз мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон хурдтар аст, ба мафҳумҳои ҳаҷмашон васеътар мегузаранд.

Масалан, дар вақти фикр кардан аз мафҳуми драматург ба мафҳуми драматурги советӣ ва боз аниқтар карда, ба мафҳуми драматурги советии Лауреати мукофоти Ленинӣ ва баъд аз ин ба мафҳуми драматург Корнейчук А. Е. мегузарем.

Ин гуна амали мантиқӣ маҳдудкунӣ ном дорад.

Маҳдудкунӣ чунин амали мантиқист, ки дар асоси он аз мафҳумҳои ҳаҷман васеътар ба мафҳумҳои ҳаҷман хурдтар мегузаранд. Ин гуна гузариш ба воситаи ба мафҳуми аввалин илова кардани нишонаҳои наве, ки фақат ба як қисми предметҳое, ки онҳоро ҳаҷми мафҳуми аввалин дар бар мегирад, тааллуқ доранд, ба вуҷуд меояд.

Мафҳумҳое ки дар рафти маҳдудкунӣ ба вуҷуд меоянд, торафт ҳаҷман хурдтар мешаванд ва ҳар як мафҳуми минбаъда ба миён оянда, як қисми мафҳуми аввалиро ташкил медиҳад. Чунончи, дар вақти маҳдудкунӣ аз мафҳуми таърихшинос ба мафҳуми таърихшиноси советӣ мегузарем ва дар ин ҷо таърихшиноси советӣ қисми мафҳуми таърихшиносро ташкил медиҳад ва аз ин мафҳуми таърихшиноси советӣ ба мафҳуми таърихшиноси советии тоҷик мегузарем. Мафҳуми «таърихшиноси советии тоҷик» як қисми мафҳуми «таърихшиноси совети»-ро ташкил медиҳад. Ва боз аз мафҳуми «таърихшиноси советии тоҷик» ба мафҳуми «муаллифи якумии китоби таърихи халқи тоҷик» мегузарем, ки ин мафҳуми охирин як қисми мафҳуми таърихшиноси советии тоҷикро ташкил медиҳад. Дар охири маҳдудкунӣ мафҳуми тоқаи фардӣ ба миён меояд, ки он ҳудуди охирини маҳдудкунӣ мебошад.

пешина
аз 192
навбатӣ