Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Баъзан дар рафти фикркунӣ аз мафҳумҳои ҳаҷмашон хурдтар ба мафҳумҳои ҳаҷмашон васеътар мегузарем, ки ин амали мантиқӣ-умумиятдиҳии мафҳум ном дорад. Масалан, аз мафҳуми «Давлати Советӣ» ба мафҳуми «Давлати Социалистӣ» ва аз он мафҳум ба мафҳуми «Давлат» ва аз ин мафҳуми охирин боз ба мафҳуми «Ташкилоти сиёсии ҷамъият» мегузарем, ки ин барои умумиятдиҳии мафҳум мисол мешавад.
Боз як мисол: Мо аз мафҳуми «забоншинос академик Виноградов В. В.» ба мафҳуми «Забоншиноси советӣ», аз ин мафҳум ба мафҳуми «олими советӣ» ва аз он ба мафҳуми «олим» ва аз мафҳуми охирин ба мафҳуми «коркуни меҳнати фикрӣ» мегузарем. Ба воситаи кам кардани нишонаҳои мафҳуми аввалин аз мафҳуми ҳаҷмаш хурдтар ба мафҳуми ҳаҷмаш васеъ мегузарем. Чунончи, мафҳуми «забоншиноси советӣ академик Виноградов В. В.» нишонаҳои зеринро дар бар мегирад: «одам», «коркуни меҳнати фикрӣ», «олими советӣ», «олими забоншинос», «тадқиқотчии машҳури забони адабии рус» ва ғайраҳо. Мо нишонаҳое ки танҳо ба олими советӣ тааллуқ доранд, партофта мафҳуми олими забоншиносро пайдо мекунем.
Бинобар ин, умумиятдиҳии мафҳум чунин амали мантиқиест, ки ба воситаи он мо ба роҳи камкунӣ ва партофтани нишонаҳои мафҳуми умумият ёфтаистода аз мафҳумҳои ҳаҷмашон хурдтар ба мафҳумҳои ҳаҷмашон васеътар мегузарем.
Муносибати байни мафҳумҳои 1) «академик Виноградов В. В.»; 2) «тадқиқотчии машҳури забони адабии рус»; 3) «олими забоншиноси советӣ»; 4) «олими советӣ»; 5) «олим»; 6) «коркуни меҳнати фикрӣ»; 7) «одам»-ро бо ёрии доираҳо тасвир кардан мумкин аст (нигар ба расми 8).
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки умумиятдиҳии мафҳумро беохир давом додан имконнопазир аст. Дар охири умумиятдиҳӣ чунин мафҳуми ҳаҷмаш ниҳоятдараҷа васеъ ба вуҷуд меояд, ки онро дигар умумият додан мумкин нест. Ин гуна мафҳумҳои ҳаҷмашон ниҳоятдараҷа васеъ категорияҳо номида мешаванд.
Масалан, «материя», «сифат», «миқдор», «муносибат», «хусусият» ва ғайра категория мебошанд.
Ҳамин тариқ, мо дар вақти тафаккур ба воситаи амалҳои мантиқии маҳдудкунӣ ва умумиятдиҳии мафҳум аз мафҳумҳои ҳаҷмашон васеътар ба мафҳумҳои ҳаҷмашон хурдтар ва, баръакс, аз мафҳумҳои ҳаҷмашон хурдтар ба мафҳумҳои ҳаҷмашон васеътар мегузарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё