Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
предметҳоро, инчунин мазмуни мафҳумро дар тағйирот ва тараққиёт медонад, ба асос гирифт.
Методи метафизика тағйирот ва инкишофи оламро инкор мекунад, аз ин рӯ олимони метафизик мегӯянд, ки мазмуни мафҳумҳо ҳам на тағйир меёбанд ва на инкишоф. Бар хилофи ин методи метафизикии ғайриилмӣ, диалектикаи материалистӣ таълим медиҳад, ки дар олами моддӣ ҳамаи предметҳо дар ҷараёни тағйирот, дигаргунӣ ва тараққиёти диалектикӣ мебошанд, пас мафҳумҳои одам ҳам, ки инъикоси ҳамон предметҳои олами беруна мебошанд, дар баробари тағйир ва тараққӣ ёфтани предметҳо аз ҷиҳати мазмун ҳам дигаргун шуда, инкишоф меёбанд.
Мантиқи шаклӣ чунин мешуморад, ки дар байни ҳаҷм ва мазмуни мафҳум алоқаи узвӣ мавҷуд аст, зеро бо баробари тағйир ёфтани мазмуни мафҳум ҳаҷми он ҳам тағйир меёбад.
Дар байни ҳаҷм ва мазмуни мафҳум муносибати баръакси ҳамдигарии онҳо вуҷуд дорад. Ин муносибатро дар илми мантиқ, қонуни акси муносибати байни ҳаҷм ва мазмуни мафҳум меноманд. Мувофиқи қонуни акси муносибати байни ҳаҷм ва мазмуни мафҳум дар баробари тағйир ёфтани ҳаҷми мафҳум мазмуни он ҳам тағйир меёбад ва, баръакс, бо баробари тағйир ёфтани мазмуни мафҳум ҳаҷми он низ тағйир меёбад. Аниқтараш, тағйирёбии мазмуни ва ҳаҷми мафҳум аз он иборат аст, ки ҳаҷми мафҳум чӣ қадаре ки васеътар шавад, мазмуни он ҳамон қадар тангтар, хурдтар мегардад ва, баръакс, мазмуни мафҳум чӣ қадаре ки васеътар гардад, ҳаҷми он ҳамон қадар тангтар ва хурдтар мешавад. Масалан, мафҳумҳои «адабиёти бадеӣ» ва «адабиёти бадеии халқи тоҷик» ва мафҳумҳои «ҳуқуқ» ва «ҳуқуқи советӣ»-ро аз назар мегузаронем. Мафҳуми «адабиёти бадеӣ» нисбат ба мафҳуми «адабиёти бадеии халқи тоҷик» аз ҷиҳати ҳаҷм васеътар, зиёдтар буда, аз ҷиҳати мазмун тангтар, хурдтар мебошад ва, баръакс, мафҳуми «адабиёти бадеии халқи тоҷик» нисбат ба мафҳуми «адабиёти бадеӣ» аз ҷиҳати ҳаҷм тангтар буда, аз ҷиҳати мазмун васеътар мебошад, чунки мазмуни ин мафҳум на фақат нишонаҳои умуман адабиёти бадеиро, балки нишонаҳои махсусе, ки танҳо ба адабиёти бадеии халқи тоҷик тааллуқ доранд, дар бар мегирад ва ба ҳамин тариқ, мафҳуми «ҳуқуқи советӣ» нисбат ба мафҳуми «ҳуқуқ» аз ҷиҳати ҳаҷм тангтар, хурдтар буда, аз ҷиҳати мазмун васеътар мебошад, чунки мазмуни вай на танҳо нишонаҳои асосии умуман ҳуқуқро, балки нишонаи махсусе ки фақат ба ҳуқуқи советӣ тааллуқ доранд, дар бар мегирад.
Бинобар ин, мувофиқи қонуни акси муносибати байни ҳаҷм ва мазмуни мафҳум, чӣ қадаре ки ҳаҷми мафҳум васеъ шавад, мазмуни он ҳамон қадар танг мешавад ва, баръакс, чӣ қадаре ки мазмуни мафҳум васеъ шавад, ҳаҷми он ҳамон қадар танг мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё