Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
ҳои омоним вохӯранд, бояд онҳо дар ҳамин хулосабарорӣ фақат ба як маъно кор фармуда шаванд, зеро агар ин гуна калимаҳо дар дохили як мулоҳиза ва ё хулосабарорӣ ба маънои гуногун кор фармуда шаванд, хатогиҳои мантиқӣ содир мешавад.
Ҳамин тариқ, мафҳум ва калима бо ҳамдигар алоқаи узвии мустаҳкам доранд ва дар айни ҳол дар байни онҳо фарқи куллӣ ҳам мавҷуд аст.
§ 4. МАЗМУН ВА ҲАҶМИ МАФҲУМ
Ҳар як мафҳум, қатъи назар аз он ки вай кадом предметро ифода менамояд, ду ҷиҳат — дорои мазмун ва ҳаҷм аст.
Мазмуни мафҳум — аз ҷамъи нишонаҳои муҳими предмет ва ё гурӯҳи предметҳои як ҷинсе ки дар шуур инъикос ёфтааст, иборат аст.
Чунончи, нишонаҳои муҳими мафҳуми «таърихи адабиёт» тадқиқ намудани ҷараёни тараққиёти бадеӣ, муайян кардани мавқеъ ва аҳамияти ин ё он асари бадеӣ, нависандагони алоҳида ва методҳои гуногуни бадеӣ, навъҳо ва жанрҳои бадеӣ мебошанд.
Ин нишонаҳои муҳими таърихи адабиёт» мазмуни мафҳум «таърихи адабиёт»-ро ташкил медиҳанд. Мазмуни мафҳуми «ҳуқуқи советии социалистӣ» маҷмӯи қоидаҳои рафторе мебошад, ки онҳоро Давлати Советӣ муқаррар кардааст, ҳимоя мекунад ва он иродаи меҳнаткашони СССР-ро ифода менамояд.
Бинобар ин, мазмуни мафҳум инъикоси нишонаҳои муҳими предметҳои олами моддӣ дар шуури одам мебошад. Предмет ва ҳодисаҳои воқеият доимо тағйир меёбанд. Бо тағйир ёфтани предмет бояд мазмуни мафҳум ҳам тағйир ёбад. Агар мазмуни мафҳум тағйир наёбад, дар он маврид вай бо нишонаҳои муҳими предмет номувофиқ мегардад, яъне предметро дар шуури инсон нодуруст инъикос мекунад.
Дар рафти фаъолияти амалии худ одамон предметҳо, чизҳоро чуқуртар, пурратар дониста гирифта, нишонаҳои нав ба нави онҳоро ошкор мекунанд. Аз ин сабаб мазмуни мафҳумҳо ҳам тағйир меёбанд. Масалан, мафҳуми «Иттифоқи Советӣ» дар айни замон нисбат ба солҳои бисту панҷум аз бисёр ҷиҳатҳо тағйир ёфтааст. Дар он давра мамлакати мо аз ҷиҳати иқтисодӣ, маданӣ ва ғайра нисбатан қафомонда буд, ҳоло ба яке аз мамлакатҳои пешқадамтарин табдил ёфтааст, ки вай аз бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ дар ҷаҳон ҷои якумро мегирад, дар мо социализм пурра ва қатъиян ғалаба кардааст ва ҳоло базаи моддию техникии пешқадамтарини ҷамъияти инсонӣ — коммунизм ба вуҷуд омада истодааст.
Барои шарҳ додани мазмуни мафҳум бояд таълимоти диалектикаи материалистӣ, ки бар хилофи методи метафизика тамоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё