Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Фарқи мафҳум ва тасаввур боз аз он иборат мебошад, ки тасаввур шакли аёнӣ дорад.

Дар тасаввур инсон шакли ин ва ё он предмет, чизе ки аз ин пеш ҳис карда буд, аз нав барқарор менамояд. Ин ва ё он предметро мо ҳис мекунем, ба воситаи органҳои ҳиссиёти худ ба майнаи сари худ инъикос менамоем. Шакли ҳамин чизи ҳис кардаамонро дар вақти дигар, ки он чиз дар назди мо вуҷуд надорад, аз нав ба пеши назар оварда, дар шуури худ шакли онро барқарор мекунем ва ин тасаввур ном дорад.

Ғайри аз он, мафҳум ҳамеша қисми узвии тафаккури мантиқӣ мебошад. Мафҳумро дар таркиби ягон шакли мантиқӣ, муҳокима, хулосабарорӣ ва исбот дидан мумкин аст. Агар мафҳум аз дигар шакли мантиқӣ алоҳида ҷудо карда гирифта шавад ҳам, вай натиҷаи бисёр муҳокимаҳо, хулосабарориҳо ва исботҳо мебошад. Тасаввур бошад бо шаклҳои мантиқӣ вобаста нест. Тасаввур ҳамчун мафҳум: узвӣ, қисми муҳокима, хулосабарорӣ ва ё исботи мантиқӣ шуда наметавонад.

Албатта, дар байни тасаввур ва дигар шаклҳои ҳиссиёти шахсӣ, масалан, ирода, хаёл ва ғайраҳо алоқамандӣ мавҷуд аст. Ин алоқамандӣ ва қонуниятҳои тасаввуротро илми психология меомӯзад. Ин гуна алоқамандии тасаввурот алоқамандии мантиқӣ нест. Тасаввур ҳамчун шакли дониши ҳиссӣ дар таркиби муҳокима, хулосабарорӣ дида намешавад.

§ 3. МАФҲУМ ВА КАЛИМА

Ҳар як шакли фикр ва забон байни худ зич алоқаманданд. Монанди фикр ва забон, дар байни мафҳум ва калима ҳам алоқаи мустаҳками узвӣ вуҷуд дорад. Ҳар навъ мафҳум дар асоси калима ва терминҳои забон ба миён меояд. Мафҳуме ки пайдо мешавад, бо ёрии забон, калима ва терминҳо ифода меёбад. Хоҳ мафҳум дар майнаи сари одам пайдо шавад, хоҳ мафҳумро одам нақл карда истода бошад ва хоҳ онро нависад, вай ҳамеша ба воситаи калима ва терминҳо ифода мегардад. Калима шакли зоҳирии мафҳум мебошад, мафҳум бошад мазмуни ботинии калима ва терминҳоро ташкил медиҳад.

Масалан, бо ёрии калимаи «Морфология» мо мафҳумро дар бораи як қисми илми забоншиносие ки шаклҳои гуногуни калимаҳоро меомӯзад, ифода менамоем; ба воситаи иборан «Назарияи адабиёт» мафҳумро дар бораи илме ки он моҳият, хусусият, қонунияти тараққиёт, аҳамияти иҷтимоии адабиёти бадеиро омӯхта, қоидаҳои онро дида баромада, ба асарҳои бадеӣ баҳо медиҳад, ифода менамоем.

Калимаи «Коммунизм» мафҳумро дар бораи ҷамъияте ки дар вай фарқи ҷиддии байни қишлоқу шаҳр, меҳнати фикрию ҷисмонӣ, фарқи иҷтимоии байни аъзоёни ҷамъият барҳам хӯрдааст ва дар он одамон озод буда мувофиқи қоидаи «Аз ҳар

пешина
аз 192
навбатӣ