Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

тасаввур зич алоқаманд аст. Аммо дар айни замон мафҳум аз тамоми шаклҳои донишҳои ҳисси ба таври ҷиддӣ фарқ мекунад. Тасаввур яке аз шаклҳои нисбатан мураккабтари дониши ҳисси мебошад. Мафҳум аз ҳамин шакли мураккабтари дониши ҳис-сӣ, яъне тасаввур ҳам фарқи куллӣ дорад.

Мафҳум нишонаҳои предметро инъикос менамояд. Лекин мафҳум на ҳар навъ нишонаҳои предметҳоро инъикос мекунад. Мафҳум чун шакли олии дониш нишонаҳои асосӣ ва муҳими чизҳоро инъикос менамояд. Тасаввур бошад, ҳар навъ нишона-ҳои предметҳоро ифода мекунад. Дар тасаввур нишонаи му-ҳимму номуҳим, хусусиятҳои асосӣ ва ғайриасосии чизҳо инъ-икос меёбанд. Масалан, агар гурӯҳи муайяни одамон тасавву-роти худро дар бораи мактаб нақл кунанд, он гоҳ мо мебинем, ки як шахс дар бораи мактаби ибтидоӣ, талабагон, муаллимо-ни вай ва ғайраҳо нақл мекунад; шахси дигар дар бораи мак-таби кӯҳнаи пеш аз Революцияи Октябр вуҷуд дошта сухан меронад; шахси сеюм тасаввуроти худро дар бораи фалок мак-таби миёнаи шаҳри Душанбе, ки вай дар он ҷо таҳсили илм кардааст, нақл мекунад ва ҳоказо. Чунин аст шаклҳои ҳиссии дониши мо дар бораи мактабҳои гуногун.

Мафҳум доимо характери умумӣ дорад, яъне агар дар бо-раи ин ва ё он предмет одамон мафҳум пайдо карда бошанд, пас ин мафҳуми онҳо барои ҳама як хел мешавад. Характери умумӣ доштани мафҳум боз аз он иборат аст, ки вай бештар инъикоси нишонаҳои асосӣ ва умумии ин ё он предмети якхелай танҳо не, балки инъикоси нишонаҳои умумӣ ва асосии гурӯҳи муайян, ҷинси муайяни предметҳо ва чизҳо мебошад.

Тасаввур бошад характери индивидуали, фардӣ дорад.

Характери фардӣ доштани тасаввур танҳо дар инъикосёбии нишонаҳои фардӣ, индивидуали дида намешавад, зеро ғайр аз тасаввур, мафҳум ҳам баъзан дар баробари нишонаҳои умумӣ, нишонаҳои фардӣ, индивидуалии предметҳоро инъикос менамо-яд. Чунончи, мафҳуми «Грамматикаи забони тоҷикӣ» на фақат умуман нишонаҳои грамматикаи забонро, балки нишонаи мах-сус, нишонаҳои фардии грамматикаи забони тоҷикиро ҳам инъ-икос мекунад.

Хусусияти фардӣ доштани тасаввур аз он иборат аст, ки дар бораи айни як предмет ва ё як ҳодиса ҳар як шахс тасаввури ба худ хос дорад. Масалан, мо агар ба як гурӯҳ хонандагон дар бораи Китобхонаи республикавии ба номи А. Фирдавсӣ тасавву-роти худро нақл кунед гӯем, як хонанда дар бораи як ҷиҳат, ма-салан, як зали хонандагон, хонандаи дигар бошад, дар бораи зали дигари хонандагон, дар бораи хусусиятҳо, коркунони китоб-хона, китобҳо ва ғайра сухан меронад. Бинобар ин, ҳар як шахс дар бораи як чиз тасаввури худро дорад. Характери фардии тасаввур ҳам дар ҳамин аст.

пешина
аз 192
навбатӣ