Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
ҷумлаҳо вуҷуд дорад, ки онро гурӯҳи дигари мантиқшиносони Юнон — стоикҳо ба вуҷуд овардаанд. Таълимоти мантиқии мутафаккирони Осиёи Миёна на фақат назарияи силлогизми Аристотель, инчунин мантиқи ҷумлаҳоро дар бар мегирад, ки он аз назарияи силлогизм ба куллӣ фарқ дорад.
Мантиқшиносони Осиёи Миёна бо баён ва шарҳ додани тамоми мантиқи Юнон маҳдуд нагардидаанд. Хизмати калони мантиқшиносони Осиёи Миёна аз он иборат аст, ки онҳо ҷиҳатҳои мусбат ва беҳтарини назарияҳои мантиқии юнониҳо ва дигар мамлакатҳои Ғарбу Шарқро инкишоф дода, бо баробари терминҳои ғайридоимии мантиқиро бо аломатҳо ифода намуда, константҳои (доимиҳои) мантиқиро низ ба воситаи аломатҳои махсус баён кардаанд. Масалан, Абӯалӣ ибни Сино, Насриддини Тӯсӣ ва дигар мантиқшиносони мо терминҳои мантиқии ғайридоимиро бо аломатҳо ва ҳарфҳои арабии ابج ва ғайра ифода намудаанд. Тӯсӣ сифати муҳокимаҳо ва кванторҳои умумият ва мавҷудиятро бо аломатҳо ифода намуда, чунин менависад: «Мувозоти хатҳо аломати иҷоб буд ва адами мувозот аломати салб. Ва мувозоти маҳмул ҳама мавзӯъро аломати куллӣ ва баъзеро аломати ҷузъӣ» 1.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки системаҳои мантиқии мутафаккири Осиёи Миёна ба тарзи аксиоматикӣ тартиб дода шудааст.
Бинобар ин, ҷиҳатҳои зикршудаи таълимоти мантиқии мутафаккирони Осиёи Миёна дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки назарияҳои мантиқии онҳо бо илми мантиқи ҳозиразамон хеле наздиканд.
Барои инкишофи илми мантиқ, асарҳои философон — материалистони асри XVII, хусусан асарҳои материалисти англис Фрэнсис Бэкон (1561—1626) аҳамияти калон доранд. Бэкон дар асари машҳури худ «Новый органон» («Аслиҳаи нави дониш») бар зидди философоне ки ҷиҳатҳои мусбати мантиқи Аристотельро партофта, ҷиҳатҳои манфии таълимоти ӯро ривоҷ дода, паҳн мекарданд, муқобил баромада, як қисми муҳими мантиқи замони ҳозира — таълимотро дар бораи хулосабарории индуктивӣ тадқиқ намудааст. Ба фикри Бэкон индукция метод аст, ки бо ёрии вай алоқаҳои сабабии ҳодисаҳои табиат муайян ва исбот карда мешаванд. Бэкон методҳои хулосабарории индуктивии илмӣ — методҳои монандӣ, тафовут, тағйироти ҳамроҳа ва методи муттаҳидшудаи монандӣю тафовутро ошкор карда буд.
Тадқиқоти масъалаҳои хулосабарории индуктивии илмиро дар асри XIX философи англис Чон Милль, олимон ва мантиқшиносон Гершель, Уэвелл давом доданд.
1 Насриддини Тӯсӣ, «Асос-ул-иқтибос», чопи Донишгоҳи Теҳрон, соли 1326 ҳиҷрӣ, саҳ. 190.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё