Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Асарҳои Ибни Сино, хусусан китоби «Мантиқ-ул-машриқин»-и ӯ, барои инкишофи илми мантиқ дорои аҳамияти бузург мебошад. Хӯди асар то давраи мо омада нарасида бошад ҳам, шиносоӣ бо сарсухан ва номи китоб, фикри зикршудаи моро тасдиқ мекунад.

Нависандаи намоён ва философи машҳур Носири Хусрав (1003—1088) дар асарҳояш оид ба масъалаҳои мантиқ, роли тафаккур дар дониш ва ғайра якчанд фикрҳои навро баён намудааст. Махсусан дар «Ваҷҳи дин», «Зод-ул-мусофирин» ном асарҳои философӣ ва дар ашъори ин муфаккири бузург масъалаҳои мантиқ ифода ёфтаанд. Яке аз қисмҳои «Зод-ул-мусофирин» ба масъалаи моҳияти мафҳум бахшида шудааст. Дар шеъри «Гуфтор дар бораи зоҳири ва ботинӣ» Носири Хусрав роли ҳиссиёт ва фикри мантиқиро дар процессти дониш дида мебарояд.

Мутафаккир ва олими барҷаста Умари Хайём (1048—1123) ҳам дар баробари дигар масъалаҳои философӣ ба тафаккур ва шаклҳои он эътибори махсус дода, дар асарҳои сершумори философӣ ва илмиаш оид ба масъалаҳои мантиқӣ ақидаҳояшро баён намудааст. Ақидаҳои Умари Хайёмро дар бораи фикр аз шаклҳои он дар «Рисолат-ал-қавлӣ ва-т-таклиф» («Рисола оид ба ҳастӣ ва зарурият»), «Ал-ҷавоб ан салоси масоил» («Ба се савол ҷавоб»), «Ад-дия-ал-ақлӣ фӣ маудӯ' ал-илм ал-куллӣ» («Нури ақл дар бораи мавзӯи илми умумӣ»), «Рисола фи-ал-вуҷуд» («Рисола оид ба вуҷудият») ва ғайра ном асарҳои ӯ дидан мумкин аст.

Яке аз машҳуртарини мантиқшиноси асрҳои миёна Муҳаммад Насириддини Тӯсӣ мебошад. Дар тараққиёти илми мантиқ ҳиссаи ин мутафаккир хеле бузург аст. Ӯ дар «Асос-ал-иқтибос» ном асари мантиқии худ, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда, қариб ҳамаи масъалаҳои илми мазкурро дар бар мегирад, комёбиҳои илми мантиқи замонашро ба асос гирифта, як қатор таълимотҳои мантиқиро, аз он ҷумла баъзе мафҳумҳои мантиқии математикиро хеле инкишоф дода, мантиқро аз якчанд ҷиҳатҳо бой намудааст. Ӯ дар асари мазкур ҳамчун математик дар соҳаи мантиқ методҳои математикаро татбиқ намуда, терминҳои мантиқии тағйирёбанда ва инчунин муносибатҳои мантиқӣ — доимиҳои мантиқиро ба воситаи аломатҳо ва формулаҳо ифода намуда, бо ҳамин системаи шакли мантиқии гузаштагони худро хеле инкишоф додааст.

Аксарияти тадқиқотчиёни эҷодиёти мутафаккирони Осиёи Миёна таълимоти мантиқии Абӯ Насри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Насриддини Тӯсӣ ва дигар мантиқшиносонро баёни назарияи мантиқи Аристотель ва шарҳи он мешуморанд.

Маълум, ки мантиқи Аристотель мантиқи терминҳо, яъне аз назарияи силлогизм иборат аст. Ғайр аз ин назарияи Аристотель дар илми мантиқ таълимоти хеле бузург ва асоснок — мантики

пешина
аз 192
навбатӣ