Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
баён намуда, навишта буданд: «Ҳеҷ як чиз бе сабаб ба вуҷуд намеояд, лекин ҳама чиз бо ягон асос ва бо амри зарурат пайдо намешавад».
Дар дунёи қадим масъалаҳои мантиқиро аз ҳама васеътар ва чуқуртар Аристотель (с. 384—322 пеш аз милод) таҳлил намуда, тадқиқ карда буд, ки дар ҳақиқат асарҳои вайро қуллаи олии тараққиёти философияи дунёи қадим мешуморанд.
Ин донишманди бузург, тамоми таълимоти мантиқии давраи худро омӯхта, ба комёбиҳои илмҳои замонаш истинод карда, дар асарҳои худ тамоми масъалаҳои асосӣ ва муҳимтарини илми мантиқ кор карда баромад, ки ин натиҷаҳои тадқиқотии вай ба таркиби илми мантиқ абадӣ дохил гардиданд.
Таълимоти мантиқии Аристотель (Арасту) дар «Категорияҳо», «Дар бораи маънидодкунӣ», «Аналитикаи якум», «Аналитикаи дуюум», «Топика», «Дар бораи инкори сафсата» ном асарҳои ӯ баён карда шудаанд, ки ҳамаи ин асарҳоро пайравини вай якҷоя намуда ба онҳо «Органон» (аслиҳаи дониш) ном додаанд.
Дар «Категорияҳо» таълимот дар бораи мафҳум: «Дар бораи маънидодкунӣ» таълимот оид ба назарияи муҳокима; дар «Аналитикаҳо» таълимоти хулосабарорӣ ва исботкунӣ, дар «Топика» таълимот дар бораи категорияҳои асосии мантиқӣ ва усулҳои мантиқие ки дар тафаккур татбиқ карда мешаванд; «Дар бораи инкори сафсатаҳо» хатоҳои дар хулосабарорӣ ва исботкунӣ содиршаванда ва воситаҳое ки ин хатоҳоро ошкор менамоянд, баён карда шудаанд. Дар асари бузургтарини философия Аристотель, ки вай «Метафизика» ном дорад, дар баробари масъалаҳои гуногуни философӣ, таълимоти ӯ оид ба қонунҳои мантиқии фикр: қонуни айният, зиддият, истиснои салоса ва қонуни асосии басанда ифода карда шудааст.
Дар таърихи мантиқ якумин маротиба Аристотель тафаккурро ҳамчун предмети омӯзиши илми алоҳида — илми мантиқ шуморида, мантиқро илми исботкунӣ ва асосноккунии ҳақиқат меномид.
Ба қавли Аристотель ҳақиқат мувофиқ омадани фикр бо воқеият буда, фикри дурӯғ нодуруст инъикосёбии воқеият аст. Мувофиқи таълимоти ин донишманди бузург шакл ва қонунҳои фикр хусусияти аслӣ, зотии инсон набуда, балки инъикоси алоқамандии чизҳои воқеият мебошанд.
Дар замони қадим бо илми мантиқ алоқамандӣ мантиқ бо грамматика ва илми маъонӣ мактаби философии стоикҳо (ин мактаб дар охири асри IV пеш аз милод ба вуҷуд омадааст), ки асосгузори он философ Зенон мебошад, машғул буд. Стоикҳо масъалаҳои хулосабарониҳои шартӣ ва мунфасилро ошкор ва муайян намудаанд.
Дар соҳаи тараққиёти илми мантиқ асарҳои философҳо ва донишмандони барҷастаи халқҳои Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё