Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

байни материалистону идеалистон ҳамеша муборизаи оштинопазири бошиддат мерафт.

Маълум аст, ки дар байни фикр ва нутқ муҳокима ва ҷумла, мафҳум ва калима алоқаи узвӣ вуҷуд дорад, бинобар ин донишмандони қадими илми мантиқ масъалаҳои мантиқиро бо таълимоти грамматикӣ алоқамандона тадқиқ мекарданд. Аз ин рӯ, онҳо донишро дар бораи масъалаҳои мантиқиву грамматикӣ илми ягонаи том медонистанд.

Мутафаккирон ва файласуфони Ҳиндустон ва Юнони қадим бо омӯхтан ва тадқиқ намудани шакл ва қонуну қоидаҳои мантиқӣ машғул мешуданд.

Дар Ҳиндустони қадим аввалин донишҳои фалсафӣ ва мантиқӣ дар асрҳои IX—XI пеш аз милод пайдо шуда, ин таълимотҳо дар ёдгориҳои Ведҳо («Донишҳо») ва Упанишадҳо ва дигар асарҳое ки то давраи мо омада расидаанд, баён карда шудаанд.

Мантиқшиносони қадими Ҳиндустон масъалаҳои манбаи дониш, роли ақл, хирад дар рафти дониш, шаклҳои фикр: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ва навъҳои онҳоро чуқур таҳлил намудаанд.

Мантиқшиносони Ҳиндустон яке аз шаклҳои хулосабарориро ошкор намудаанд, ки ба ақидаи онҳо таркиби он аз 5 қисм иборат аст. Чунончи, мувофиқи таълимоти мактаби фалсафии Ньяйи, хулоса ҳамчун исботи ҳалкунанда аз панҷ муҳокима иборат мебошад, ки ин муҳокимаҳоро аваявами (узвҳо) меноманд. Барои хулосабарории панҷқисмнок чунин мисолро меорем:

  1. Рама фавтшаванда (пратиджна).
  2. Чунки ӯ одам (хету).
  3. Ҳамаи одамон фавтшавандаанд (масалан, Сукрот, Кант, Гегель) (удаҳарана).
  4. Рама низ одам аст (упаная).
  5. Пас, ӯ фавтшаванда аст (нигамана).

Муҳокимаи якум чизеро тасдиқ менамояд, дуюмаш асоси ин тасдиқро нишон медиҳад. Удаҳарана муҳокимаи умумӣ мебошад, ки алоқаи байни асос ва факти тасдиқшавандаро, ки бо мисолҳои муайян пурқувват карда мешавад, нишон медиҳад; упаная — ин чизи умумиро нисбат ба ҷузъӣ татбиқ кардан аст; нигамана — хулосаест, ки аз муҳокимаҳои аввалин мебарояд.

Дар асри VII милод мутафаккир Дармакирти «Қатраҳои мантиқ» ном китоби дарсии мантиқро навишта буд, ки дар асри IX Дармоттара ба ин китоб шарҳ навиштааст.

Дар Юнони қадим бо масъалаҳои мантиқию фалсафии материалисти машҳур Демокрит (тахминан солҳои 460—370 пеш аз милод) машғул шудааст. Ин мутафаккир ба масъалаҳои дониши таҷрибавӣ хулосабарории индуктивӣ, қиёс, таърифи мафҳум диққати махсус додааст. Демокрит ва ҳамфикри ӯ Левкипп якумин маротиба мазмуни назарияи қонуни асосии басандаро

пешина
аз 192
навбатӣ