Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
предмети гурӯҳӣ ва ҷинси мазкур ҳам тааллуқ дорад. Баъзеи ин аксиоман силлогизмро (чи тавре ки Кант баён кардааст) ин тавр ҳам ифода мекунанд: «нишони нишона — нишони худи предмет мебошад». Яъне, агар ба ягон предмет ягон нишона хос бошад ва ба ин нишона ҳам дар навбати худ дигар нишо-на хос бошад, ин нишони охирин ҳам, нишони ҳамон пред-мет мебошад. Бо ибораи дигар ифода менамоем: агар маълум бошад, ки ҳар як предмети ҷинси А дорои нишонаи Б аст, пас, ҳар як предмети ҷинси А тааллуқдор дорои нишонаи Б ме-бошад, ва баръакс, агар маълум бошад, ки ҳар як предмети ҷинси А дорои нишонаи Б набудааст, пас, ҳар як предмете ки ба ҷинси А тааллуқ дорад, дорои нишонаи Б намебошад.
Чунончи, агар ба мо пионер (Р) будани ҳар як талабаи синфи чорӯми «А» маълум бошад ва пас аз он фаҳмем, ки Тоҳиров талабаи синфи чорӯми «А» аст, пас мо гуфта метаво-нем, ки Тоҳиров ҳам пионер аст. Ин хулосабарориро ба намуди силлогизм ба тарзи зерин ифода менамоем:
Ҳамаи талабаҳои синфи чорӯми «А» пионер мебошанд.
Тоҳиров — талабаи синфи чорӯми «А» мебошад.
Пас, Тоҳиров — пионер аст.
Муносибати терминҳои силлогизмро аз нуқтаи назари ҳаҷм ифода намоем, ин муносибат чунин маъно дорад: агар ҳаҷми термини миёна (М) ба ҳаҷми термини калон (Р) дохил шавад ва ҳаҷми термини хурд (S) ба ҳаҷми термини миёна (М) до-хил шавад, пас ҳаҷми термини хурд (S) ба ҳаҷми термини ка-лон (Р) дохил мегардад. Ин қоидаро ба мисоли дар боло баён гардида, татбиқ менамоем. Агар талабагони синфи IV «А» (М) ба гурӯҳи пионерон (Р) дохил шаванд, Тоҳиров (S) ба гурӯҳи талабагони синфи IV «А» (М) дохил шавад, пас Тоҳиров (S) ба гурӯҳи пионерон (Р) дохил мешавад.
Ин муносибати ҳаҷмҳои терминҳои М, P ва S-ро бо чоркунҷаҳо ишора мекунем. (Нигар ба расми 15).
Мисли ҳамин, баръакс, агар ҳаҷми термини миёна (М) ба ҳаҷми термини калон (Р) дохил нашавад, ҳаҷми термини хурд (S) ба ҳаҷми термини миёна (М) дохил шавад, он гоҳ ҳаҷми термини хурд (S) ба ҳаҷми термини калон (Р) дохил намешавад. Масалан, ҳеҷ як асари фоҷиавӣ (М) ба асарҳои мазҳакавӣ (Р) дохил намешавад. «Отелло» (S) ба асарҳои фоҷиавӣ (М) дохил шавад, пас «Отелло» (S) ба асарҳои мазҳакавӣ (Р) дохил намешавад. Ин хулосабарориро ба тарзи силлогизм баён менамоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё