Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Масалан:
- Роман асари насрӣ мебошад.
- «Ғуломон» роман аст.
- Пас, «Ғуломон» асари насрӣ мебошад.
Дар ин силлогизм термини калон «асари насрӣ», термини хурд «Ғуломон» ва термини миёна «роман» мебошад. Муҳокимаи якум муқаддимаи калон ном дорад, зеро дар таркиби он термини калон мавҷуд аст, муҳокимаи дуюм муқаддимаи хурд мебошад, чунки дар таркиби он термини хурд ҳаст. Термини миёна дар ҳар ду муқаддима вуҷуд дошта, муносибати байни терминҳои калон ва хурдро муайян менамояд, ки ин муносибатро мо дар муҳокимаи сеюми нав — хулоса мебинем. Терминҳои таркиби силлогизмро бо ёрии ҳарфҳо ишора намоем, ки формулаи зерин пайдо мегардад.
Ҳамаи М—Р мебошад
Ҳамаи S—M аст
Пас, ҳамаи S—P мебошад
Силлогизм чунин хулосабарории бавоситаи дедуктивӣ мебошад, ки дар вай муносибати ду термин (яъне терминҳои S ва P) бо ёрии термини сейӯм (термини М) муайян карда мешавад.
Силлогизм чунин хулосабарорӣ мебошад, ки агар муқаддимаҳои вай муҳокимаҳои ҳақ бошанд, хулосаи он ҳам ҳамеша ҳақ мебарояд ва агар он муқаддимаҳо ё яке аз онҳо муҳокимаи эҳтимолӣ бошад, хулоса низ муҳокимаи эҳтимолӣ ё тахминан ҳақ мешавад.
Масалан:
Ҳамаи талабагони аълохон боғайрат мебошанд.
Алиев, эҳтимол, аълохон бошад.
Пас, Алиев, эҳтимол, боғайрат бошад.
Хулосаи ин силлогизм тахминан ҳақ мебошад, ин хулоса савияи эҳтимолӣ дорад, барои он ки муқаддимаи хурд («Алиев, эҳтимол, аълохон бошад») тахминан ҳақ аст.
Агар муқаддимаҳои силлогизм муҳокимаҳои ҳақиқии эътиборнок бошанд, хулоса ҳам ҳатман дониши эътиборнок мешавад.
§ 2. АКСИОМАИ СИЛЛОГИЗМ
Хулосаи силлогизм ба чунин қоидаи талабнакунандаи исбот асос ёфтааст, ки ин қоида аксиомаи силлогизм ном дорад.
Аксиомаи силлогизм чунин ифода карда мешавад: чизе ки оид ба як гурӯҳ, ҷинси предметҳо тасдиқ (ё рад) карда мешавад, ин чизи тасдиқшаванда (ё чизи радшаванда) ба ҳар як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё