Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
фақат илми мантиқи шаклӣ меомӯзад, ки вай тағйирот, тараққиёти онҳоро дар айни ҳол ба эътибор нагирифта, шаклҳои фикрро ҳамчун ташаккулёфта меомӯзад. Мантиқи шаклӣ бештар ҳаҷми шаклҳои фикрро таҳлил менамояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, тафаккур ва шаклҳои онро танҳо мантиқи шаклӣ намеомӯзад.
§ 3. ШАКЛҲОИ МАНТИҚӢ
Шаклҳои мантиқии фикр — тартиб ва сохти фикрҳо мебошад. Барои фаҳмида гирифтани шакли мантиқии фикрҳои мазмунашон гуногун, вале сохти дохилиашон якхеларо бо якдигар муқоиса мекунем.
Масалан, муҳокимаҳои зерини мазмунашон гуногунро дида мебароем:
- Ҳамаи нависандагони советӣ — муборизи сулҳ мебошанд.
- Ҳамаи гражданҳои СССР ҳуқуқи баробари интихобот доранд.
- Ҳамаи капиталистон истисморкунанда мебошанд.
Ин муҳокимаҳои мазмуни конкретии гуногун доштаро бо ҳамдигар муқоиса мекунем. Дар ҳар кадоми он се муҳокимай мубтадои мантиқӣ мавҷуд аст, ки предмети фикрро ифода менамояд. Дар муҳокимай якум мубтадои мантиқӣ мафҳуми «...нависандагони советӣ» мебошад, дар муҳокимай дуйӯм мафҳуми «гражданинҳои СССР», дар муҳокимай сейӯм мафҳуми «капиталистон» мебошад. Ғайр аз ин ҳар яке аз ин муҳокимаҳо хабари мантиқӣ доранд. Ҳар як муҳокима нишонаеро ифода менамояд, ки он ба предмети фикр хос аст. Дар муҳокимай якум хабари мантиқиро мафҳуми «муборизи сулҳ», дар муҳокимай дуйӯм мафҳуми «ҳуқуқи баробари интихобот», дар муҳокимай сейӯм мафҳуми «истисморкунанда» ифода мекунад.
Мубтадои мантиқӣ бо ёрии S ишора карда мешавад, ки ин ҳарфи якуми калимаи юнонӣ subjectum буда, маънои ин калима ва мубтадо мебошад. Хабари мантиқӣ бо ёрии Р ишора карда мешавад, ки ин ҳарфи якуми калимаи юнонӣ praedicatum буда, маънояш хабар аст.
Алоқаи байни предмети фикр ва он нишонае, ки бо хабари мантиқӣ инъикос ёфтааст, муносибати мутааллуқии нишона ба предмет мебошад, ки дар ин мавридҳо ба воситаи калимаҳои «доранд», «мебошанд» ифода шудааст.
Бинобар ин муҳокимаҳои дар боло зикршуда, қатъи назар аз мазмуни гуногуни конкретии ҳар яки онҳо, як хел тартиб ва сохт доранд, ки ин сохт, тартиби онҳоро бо формулаи зерин ифода менамоем:
«Ҳамаи S-ҳо — Р мебошанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё