Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Материализми диалектикӣ ҷаҳонбинии Партияи коммунистӣ буда, масъалаи муносибати тафаккурро ба олами моддӣ, пайдоиш ва тараққиёти тафаккур ва шаклҳои онро ҳал мекунад. Ин фан манбаи дониш ва инкишофи он, чӣ будани ҳақиқат, усулҳои санҷидани донишҳо, роли дониши ҳиссӣ ва дониши ақлӣ ва ғайраро муайян менамояд.

Диалектикаи материалистӣ ягона методи умумии дониш мебошад. Қонунҳои умумитарини инкишофи донишро мантиқи диалектикӣ меомӯзад. Қонунҳои мантиқи диалектикӣ: қонуни гузаштани тағйироти миқдорӣ ба тағйиротҳои сифатӣ ва баръакс; қонуни ягонагӣ ва муборизаи бо ҳам зидҳо, қонуни инкори инкор, инъикоси қонунҳои инкишофи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошанд. Мувофиқи ин қонунҳои диалектикӣ тамоми чизҳо ва ҳодисаҳои олам ҳамеша дар ҳаракат, тағйирот ва тараққиёт мебошанд; инкишоф дар асоси муборизаи зиддиятҳои дохилӣ ба вуҷуд меояд, ки ин сабаби аз байн рафтани сифати кӯҳна ва пайдоиши сифати нав мегардад. Азбаски қонунҳои диалектикӣ инъикоси ҷиҳатҳои гуногуни олами моддӣ мебошанд, онҳоро қонунҳои тафаккур ҳам мегӯянд.

Агар ҳамаи чизҳо дар инкишоф бошанд, пас ин ҳол ба тафаккур ва шаклҳои он ҳам, ки ин чизҳоро инъикос мекунанд, тааллуқ дорад. Барои ҳамин ҳам диалектикаи марксистӣ ҳамчун илм, қонунҳои умумии ҳаракати олами берунӣ ва тафаккури инсонро меомӯзад.

Қонунҳо ва таълимоти материализми диалектикиро татбиқ кардан, мувофиқи онҳо амал кардан — шарти ҳартарафа ва чуқур дониста гирифтани ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият мебошанд, ки онҳо дар рафти тараққиёти илм ва амалиёти ҷамъиятӣ ба миён меоянд. Диалектикаи материалистӣ барои омӯхтан ва тадқиқ намудани ҳодисаҳои воқеият методи муҳимтарини тафаккур мебошад.

Илми мантиқ тарафҳои дигари тафаккурро меомӯзад. Вай, тафаккур ва шаклҳои он: мафҳум, муҳокима, хулосабарориро фақат аз ҷиҳати сохти дохилӣ, тартиби ботинӣ меомӯзад. Ин фан шаклҳои мантиқии фикрҳоро муайян менамояд. Мантиқ қонун ва қоидаҳоро ошкор ва муайян менамояд, ки ҳангоми пайдо намудани дониш бо роҳи хулосабарорӣ, мувофиқи онҳо амал кардан шарти асосии ба даст даровардани ҳақиқат аст.

Азбаски ин фан фикрҳои одамро қатъи назар аз мазмуни конкретии онҳо, фақат аз ҷиҳати шакли мантиқиашон меомӯзад, онро мантиқи шаклӣ меноманд.

Чӣ навъе ки дар боло зикр ёфт, шаклҳои фикрро (мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ) на фақат мантиқи шаклӣ, балки мантиқи диалектикӣ ҳам меомӯзад. Аммо аз ҷиҳати шакли мантиқӣ, аз ҷиҳати тартиб, сохт, мафҳум, муҳокима, хулосабарориро

пешина
аз 192
навбатӣ