Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ V

ҚОНУНҲОИ АСОСИИ МАНТИҚӢ

§ 1. МАФҲУМИ УМУМӢ ОИД БА ҚОНУНҲОИ МАНТИҚӢ

Тафаккури дуруст яке аз шартҳои зарурии донистани ҳақиқат аст.

Барои донистани воқеияти реалӣ дуруст будани тафаккур яке аз шартҳои асосӣ мебошад. Хислатҳои тафаккури дуруст муайянӣ, мунтазамӣ, пайдарҳамӣ ва асоснокӣ он мебошанд. Номуайянӣ — дар хулосабарорӣ, исботкунӣ ба якчанд маъно кор фармудани як мафҳум, зиддияти байни ҳамдигарии фикрҳо, дар як вақт ҳам тасдиқ кардан, ҳам рад намудани фикрҳои ба ҳам зид, дар бораи ягон предмет ҳақ эътироф намудани муҳокимаҳо, фикрҳои беасос, дар бораи нодурустии тафаккур шаҳодат медиҳанд.

Муайянӣ, мунтазамӣ, асоснокии фикрро, ки яке аз шартҳои дониста гирифтани ҳақиқат мебошад, ба воситаи қонун ва қоидаҳои мантиқӣ ифода карда мешавад.

Қонунҳои асосии тафаккури муайян, мунтазам ва асоснок чор навъанд: қонуни айният, қонуни зиддият, қонуни истиснои салоса ва қонуни асоси басанда. Ин қонунҳои тафаккури мантиқӣ характери умумӣ дошта, онҳо нисбат ба ҳамаи шаклҳои фикр: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ва исбот амал мекунанд.

Дар рафти амалиёт бо мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ қувваи ҳаракати қонунҳои мантиқӣ зоҳир мегардад. Аз ин сабаб қонунҳои асосии мантиқӣ аз қоидаҳои мантиқӣ фарқ доранд. Қоидаҳои мантиқӣ танҳо нисбат ба ин ё он шакли тафаккур амал мекунанд. Бинобар ин, мафҳум қоидаҳои ба худ хос дорад, ки дар бораи онҳо дар боло сухан рафт. Хулосабарорӣ низ қоидаҳои ба худ хос дорад, ки мо онҳоро баъдтар дида мебароем. Қонунҳои мантиқӣ бошанд, нисбат ба ҳамаи шаклҳои фикр амал мекунанд.

Аз нуқтаи назари мантиқи материалистӣ на танҳо тафаккур ва шаклҳои он, балки қонунҳои мантиқӣ низ инъикоси воқеияти реалӣ мебошанд.

пешина
аз 192
навбатӣ