Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бо равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта, ба зери ноф, кунҷи рон гузошта банданд, олати мардиро серҳаракат мегардонад.
Хурӯсро дар фасли баҳор кушта, ҳама чизҳои дарунашро ба ғайр аз хояҳояш, бароваранд ва дар шиками он намак пур карда, дар соя хушк намоянд. Баъд ҳамаашро бикӯбанду дар шиша нигоҳ доранд, вақти ҳочат камеро аз ин талқон бо шири гови навдӯшида бихӯранд, боҳро хеле қавӣ мегардонад.
Хуни хурӯс ва мурғро биёшоманд ва хушккардаи онро дар бинӣ бирезанд, хуни биниро қатъ мекунад.
Хуни боли онро, ки нав сихпар гашта бошад, бичақонанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Устухони мурғи сиёҳро бо ҳамвазни он чӯби ток — ҳар дуро якҷо сӯхта, ос карда бипошанд ё бо муми занбӯри асал сиришта, аз таг бардоранд, агар дӯшизагӣ, яъне бакорати духтар рафта бошад, аз нав боқира (дӯшиза) мегарданд — ин аз асрор аст.
Сангро, ки дар даруни мурғ пайдо мешавад, кӯфта бихӯранд, сангҳои гурда ва ҳичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
Саргини мурғ тунд ва поккунанда аст. Агар аз он 4,5 граммашро бо шароб ва ё бо сирко бихӯранд, кулинҷро (колитро) дафъ мекунад, заҳри занбӯруғҳоро нобуд мегардонад. Агар тари онро гузошта банданд, десги сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар доғҳои пӯстро пок мекунад. Саргини хурӯсро бо сирко хамир карда, гузошта банданд, барои саги девона газида нафъ дорад, хусусан саргини мургеро, ки бо ғизоҳои сара парвариш карда бошанд, дар ин амал қавитар таъсир дорад.
Яке аз хусусиятҳои мурғ чунин аст, ки агар шиками онро чок карда, гармогарм ба мавзеи газидаи ҷонварони заҳрнок ва мор бибанданд, ҳамаи он заҳрҳоро ба худ мекашад, агар мурғ хунук шавад, дигарашро ҳамон тавр карда банданд. Агар ин тавр ба сари бемори сарсом (менингит) бибанданд, ҳушёр мешавад.
Хосияти дигараш чунин аст, ки пардаи мақъади зиндаи онро тамоман канда партофта, худашро ба ҷони моргазида бигузоранд, заҳрро ба худ мекашад ва мемирад. Пас мурғи дигарро ҳамон тавр ба ҷони он бигузоранд ва ҳамчунин амал кунанд, то моргазида сиҳат ёбад.
Гӯшти мурғро бо шир, ҷуғрот, чакка, панир, дӯғ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё