Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

он рутубат олонда, дар сӯрохи закар гузоранд, бокиро ба зери ноф, каши рон, хоя ва атрофи он бимоланд, ҳамон дам пешоби бастаро мекушояд. Ин рутубатро ба чашм кашанд, пардаи торикивори чашмро дафъ мекунад ва торикии чашмро шифо мебахшад.
Гамбуски саргинро кӯфта гузошта банданд, захм ва реши соки пойро дафъ мекунад.
Равғани зайтунро, ки дар он ғамбуски саргин ҷӯшонида шуда бошад, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро ҳамон соат таскин медиҳад; агар ин равғанро бимоланд, ханозер ва бавосирро таҳлил медиҳад.
Ин ғамбускро дар найча андохта, ба рони зан бибанданд, душвории зоиданро осон мекунад.
Чун ин ҷонварро дар гули сурх гузоранд, гул пажмурда мегардад ва худаш мемирад ва онро дар саргин дафн кунанд, аз нав зинда мешавад.
Агар сари онро дар бурҷи кабутарон гузоранд, кабутарон ба он ҷо ҷамъ мешаванд.

  1. Хирс

Ин ҳайвони маълум аст.
Мизоҷаш гарм ва тариаш бисёр аст, вале мизоҷи хирси пир хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: заҳраи он гиреҳҳои баданро башиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо асал бихӯранд, иллати саръро шифо мебахшад; бо сиркоасал, асал ва мурч бихӯранд, дарди ҷигареро, ки аз сардӣ бошад, сиҳат мекунад; истисқои лаҳмӣ ва обӣро ба ибро меоварад; ду граммашро бихӯранд, кулинҷи ҷунбандаро шифо мебахшад. Агар заҳраи хирсро бо асал ва оби бодьён даромехта, ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад, мижаҳои рехтаро аз нав мерӯёнад.
Агар инро бо асал ва мурҷи кӯфтагӣ даромехта, ҳар рӯз як мартаба то панҷ рӯз бимоланд, решҳои хӯранда ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад, инчунин ба сар мӯй мерӯёнад.
Ширдони бачаи хирсро, ки ҳанӯз ба ғайр аз шир чизи дигар нахӯрда бошад, панирмояи хирс мемонанд.
Агар инро бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад. 4,5 грамм аз он бихӯранд, саръро, ки сабабаш ҷамъ шудани

пешина
аз 702
навбатӣ