Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мо аз таҷрибаҳои худ медонем, ки ҳар кас дар зери шуои Офтоб хоб кунад, баъд аз бедор шудан гич гаштани майнаи худро пай мебарад, вале агар дар моҳтоб бихобад, бедор шуда, худро сабук ҳис мекунад.
Маълум мешавад, ки дар офтоб хоб кардан барои саломатӣ зарар ва дар моҳтоб хобидан фоида доштааст.
Ва ё чанд нафар одами гирифтори ин ё он беморӣ вақти шаб дар зери осмон бихобад, баъди аз уфук боло хестани сайёраи Зухал то ғуруби он ё ҳангоми дар осмон тобон будани сайёраи Муштарӣ ё Миррих ва ғайраҳо, ҳолати бемор ё ба хубӣ ё ба бадӣ дигаргун меёбад. Инҳо нишон медиҳанд, ки сайёраҳо ҳам ба мавҷудоти Замин таъсир мебахшиданд.

Боз як факти дигар дар аксари газетаҳои ватанамон, ба ҳолати Офтоб такя карда, ҳар моҳ пешакӣ огоҳ менамоянд, ки фалон рӯзҳо ҳолати фалон гирифторони бемориҳо вазнин мегардад, барои ин фалон-фалон тадбирро ба амал оваранд.

Инаш ҳам пинҳон нест ва дар матбуот зикр ёфт, инчунин бо далелҳои қатъӣ собит гашт, ки ба Замини мо сайёраҳои дигари низоми Офтоб наздик оянд, дар Замин боришот бисёр мегардад.

Ё ки дутор ё танбӯрнавоз ва ғайра навоҳоро дуру дароз замзама кунад, масалан, вақти саҳар оҳанги тораш ё садои асбоби дигари мусиқӣ хуштар ва форамтар ё ин ки рӯҳафзотар мегардад. Ё ин ҳодиса дар дигар соатҳои шабонарӯзӣ рӯй медиҳад. Шунавандагон мегӯянд, ки «асбобаш гап зад». Ин ҳеҷ як чизи ғаробат надорад. Фақат ҳамин, ки он машқи ба мардум писандгашта дар соати сайёраи хос, ки ин мақом ба он мансуб аст, замзама карда шуд, яъне он порчаи мусиқӣ дар соати худаш навохта шуд.

Инаш ҳам ба мо маълум аст, ки мақомҳои мусиқии лаҳни Борбад ва Шашмақом ҳар яке вақти муайяни навохтан доранд ва агар ин ё он оҳанг дар вақти худаш иҷро шавад, комилан таъсирбахш мегардад, ҳам барои роҳат, ҳам барои табобат.

Акнун доир ба таъсири ҷирмҳои кайҳонӣ ба Замин.
Як чизи оддиро ба мадди назар биёварем. Ҳангоми сар баровардан сари ҷуворимаккаро аз растании сабзаш ҷудо кунему дони аз он ҳосилшударо дар замин бикорем — намерӯяд. Ин ҷо чӣ ҳодиса рӯй дод? Вақте ки мо онро бесар мегардонем, аз он сар, ки яке аз узвҳои насл аст ва барои қабул кардани таъсири ҷирмхон

пешина
аз 702
навбатӣ