Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Инро тасаввур кардан душвор нест, ки он ҳафт ҷирмҳои осмонӣ ҳар яке якборӣ ҳафт ҳазор сол даври худро тай карда, дар як доираи навбат 49000 солро дарбар мекарда бошанд, пас ин хусусияти онҳоро, албатта, дар якборӣ гузаштани даври онҳо муайян накардаанд, балки баъди озмоиш ва мушоҳидаҳои такрор ба такрор ба хулоса омада, муқаррар намудаанд. Ин миқдор мурури вақтҳо давраҳои геологӣ ва астрономиро ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо бо илми нуҷум аз замонҳои хеле қадими барои мо ҳанӯз номаълум машғул будаанд, ҳатто ранг ва мизоҷҳои сайёраҳоро муайян кардаанд.

Олим ва мутафаккири барҷастаи рус Александр Леонидович Чижевский ба тадқиқоти таъсири Офтоб аз соли 1915 машғул шуда, доир ба ин соҳа китобчаи «Солнце и мы» (Москва, 1938) ва асари «Земное эхо солнечных бур»-ро чоп кунонидааст. Ӯ ба ҳодисаҳои вулканӣ, офатҳои гуногуни табиӣ, ҳодис гаштани ҳолатҳои мухталиф дар бадани инсон, дар техника ва ғайра таъсир бахшидани Офтобро бо воситаи афканишҳои худ дар ҳолатҳои гуногуни он баён намудааст. Вале мутаассифона мавҷуд будани таъсири сайёраҳои Офтобро ба Замин қайд накардааст. Агар ӯ бо илмҳои қадимаи мо сарукор медошт, аз тадқиқотҳои пурсамари олимони намоёни форс-тоҷик илҳом гирифта ва ба онҳо такя намуда, кашфиёти барҷаста ва пурқимати илмӣ нав ба навро ба майдон меовард. Наомӯхтани андӯхтаҳои қадимаи мо танҳо гуноҳи Чижевский нест, балки нуқсонҳои интеллигенцияи аврупоиасл, ки аз қувваҳои империалистонаи давлати худ мағрур гашта, илмҳои мардуми Шарқро сарфи назар карда буданд ва худашон гӯё «илми нави олӣ таъсис дода» роҳи дигарро пеш гирифтанд.

Ҳатто барои ин тадқиқот ва кашфиёти Чижевский, ки барои олимони аврупоии наву ӯро хору залил доштанд ва таҳқир карданд. Ҳол он ки кашфиётҳои барҷастатарини оид ба таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба Замин, аз қадимтарин замонҳо маълум буданд. Барои далели ин фикрамон як мафҳуми кӯтоҳро аз «Қонунча»-и Абӯалӣ ибни Сино меоварем: «Хоб дар офтоб мамнӯъ аст дар камар нофеъ». (Ин ҷо саҳифаи китобро зикр намекунем, зеро саҳифаҳо дар дастнависҳои гуногун дар як низом набуда, балки дар саҳифа ва ҳаҷмҳои гуногун қайд гардидааст.)

пешина
аз 702
навбатӣ