Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар сумашро бо сӯҳон тароша (реза) карда бихӯранд, захрро аз бадан дафъ мекунад, иллати махавро шифо мебахшад.
Ин сумашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, пӯсти таркида ва кафидаи баданро, ки кӯҳна шуда бошад, ба ибро меоварад; агар инро бо равғани зайтун хамир карда, гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) шифо мебахшад; иллатҳои буғумҳо ва носурро дафъ менамояд.
Ҷигарашро сӯхта, бо равғани зайтун хамир карда, муттасил гузошта банданд, ханозерро таҳлил медиҳад; агар бо шароб хамир карда гузошта банданд, качини нохун ва доғҳои сафеди рӯи нохунро дафъ мекунад.
Равғанашро гузошта банданд, доғи аз захм ва реш боқимондаро барҳам медиҳад, ҷароҳатҳои узвҳои даруни шикамро сиҳат мебахшад.
Саргини хари гиёҳхӯрро дар шароб як шабонарӯз тар карда, онро соф намуда биёшоманд, каждумгазидаро даво мешавад.
Агар мағзи сарашро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.
Дандони онро ба зери болишт бигузоранд, одамони бехобро хоб меоварад.
Сипурзашро занҳо бихӯранд, шири онҳоро зиёда мегардонад.
Хуни онро бимоланд, бавосирро дафъ мекунад.
Ширашро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар инро биёшоманд, сурфаи гарми кӯҳна, сил ва иллати дикро, ки баданро бағоят лоғар мегардонад, фоида дорад.
Мӯи думи онро дар шароб андохта, баъд он шаробро бинӯшанд, арбада меоварад.
Пешоби онро бар ҳар заврак, ки бимоланд, ба он ҷо моҳиён бисёр ҷамъ мешаванд.
Пӯсти пешонии онро ба гардани тифлони тарсончак биёвезанд, онҳо аз ин беморӣ наҷот меёбанд.
Ним грамм чирки гӯши онро ба тифлони гирёнчак бихӯронанд, онҳоро аз гирья манъ мекунад.
Ҳакими асри якуми милод Ҷолинус гуфтааст, ки равғани онро се бор то чор маротиба бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.
Агар каси каждумгазида назди хар рафта, ба гӯ- шаш бигӯяд, ки маро каждум газид, ҳар фукҳояшро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё