Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бувад, то муддати панҷ рӯз пазонандаи инро бояд бихӯронанд, баъд вай пухта мегардад.
Давоҳои пазонандаи балғам: бехрешаи бодиён, мавизи бедонаи ангур, сагангур (ангури сагак), сунбул, говзабон, бодрангбӯя, бехрешаи карафс, решаи бепӯсти ширинбия, тухми карафс, бехрешаи кавар, арпабодиён. Балғам дар нӯҳ рӯз пухта мешавад, бояд ин миқдор рӯз аз давоҳои номбурда кадомаш, ки ба даст ояд, бихӯранд. Вале балғами ғафс дар муддати зиёда аз ин пухта мегардад. Аммо балғами рақиқ (суюқ) дар панҷ рӯз пухта мешавад.
Давоҳои пазонандаи савдо: бодрангбӯя (лимонная трава), говзабон, сагпистон, бехрешаи коснӣ, бодиён, шоҳторав, челон, сунбул, решаи бепӯсти ширинбия, анҷир.
Савдо дар муддати понздаҳ рӯз пухта мегардад ва баъзан пештар ва ё дертар аз ин мӯҳлат пухта мешавад.
Акнун оид ба давоҳои исҳоловарандаи ин моддаҳои пухташуда баҳс мекунем.
Мусҳили сафро, яъне давоҳое, ки хӯрданашон хилти сафроро бо исҳол дафъ мекунад: пӯсти ҳалилаи зард, талхшувок, гули сурх, тарангабин (шакари янток).
Мусҳили балғам, яъне, давоҳое, ки хӯрданашон балғамро бо исҳол дафъ мекунад: шаҳми (гӯшти) ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл), маргимоҳӣ, замбӯруғи сафеди танаи дарахт, турбуд, сано.
Давоҳое, ки хӯрданашон мусҳили савдо мебошанд:
ҳалилаи кобулӣ, ҳалилаи сиёҳ, зарпечак, замбӯруғи сафеди танаи дарахт, сано.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё