Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

зиёнаш асал, мушк, кастона ва самари мӯрд бояд бихӯранд. Вале аксари ҳакимонро эътикод он аст, ки асло зарар надорад.
Чун тиллоро маҳин ос намоянд, то дар дохили он чизи дигар, хусусан давои заҳрнок мавҷуд набуда баъд бихӯранд, боиси ҳифзи сиҳат ва дароз шудани умр мегардад, ҳамаи бемориҳои савдовиро дафъ месозад — дар ин амал ҳеҷ чиз ба ин баробар гашта наметавонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тилло дар як рӯз аз 0,19 то 0,38 ва ҳатто то 0,5 грамм равост.
Чун тифлонро дар зарфи тилло шир, таом, шароб ва дору бидиҳанд, зуд забонашон баромада ба сухан меоянд, фарбеҳ, пурдил ва далер мегарданд ва аз саръи тифлона эмин мешаванд.
Агар зангӯлачаи зарин ба пои боз ё ба гарданаш биёвезанд, он боз дар шикор далер ва гиро мегардад.
Тиллоро ба шакли ҳалила сохта, дар вақти хоб ва бедорӣ беморони тарсончакии кӯҳнадошта, хаёлотгӯи савдовӣ дар даҳан нигоҳ доранд, аз ин иллатҳо халос меёбанд.

  1. Қалъай

Ин фулуззи маълум аст, рангаш сафед, аз оҳан нармтар ва аз сурб сахттар аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум сард, хушккунанда бо ҷавҳари тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол кардан ҷоиз нест, зеро кушанда мебошад.
Агар қалъаиро чун сурма ба чашм кашанд, сурхии чашм, обравӣ ва дағалии пилҳои онро дафъ мекунад. Агар инро бо оби кашнизи тар, оби барги коснии тар, оби барги зуф, оби ғӯраи ангур, оби сағангур ва монандӣ инҳо, ки сардмизоҷ бошанд, ҳар як батанҳои ё бо ҳамаи инҳо соида бимоланд, ё бо равғани гулисурх соида бимоланд, барои банд кардани назла, ба саратони решгашта, варами мақъад, кӯтур, бавосир, ҷароҳатҳои пистон, бачадон, закар, сурхбод ва варамҳои гармро шифо мебахшад. Агар инро бо шароб соида бимоланд, барои дарди асаб ва варамҳои мураккаб дору мешавад. Агар сафҳан, яъне варақи онро ба ханозер, асабҳои шахшуда ва печидани онҳо бибанданд, шифо

пешина
аз 702
навбатӣ